Ситора Ниёзова яке аз хонандагони беҳтарини гимназияи №53 ба номи Муҳаббат Маҳмудоваи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба шумор меравад ва ҳоло дар синфи 10 «В» бо баҳои аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил мекунад. Ситора ба фанҳои алгебра ва геометрия завқу шавқи беандоза дорад. Ӯ ҳар сол дар олимпиадаҳо аз ин фанҳо иштирок намуда, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил мегардад. Ситора баъди дарсҳо ба Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе рафта, дар назди омӯзгорон донишҳои дар соҳаи математика доштаашро такмил медиҳад.
Ситора Ниёзова аз 1 то 3 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон дар олимпиадаи лоиҳавии ба номи физик-математики бузурги қазоқ Ж.О.Джалдасбеков иштирок намуд. Дар ин олимпиадаи бонуфуз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ лоиҳаҳои худро муаррифӣ карданд.
Ситора Ниёзова дар олимпиадаи байналмилалӣ бо лоиҳаи тартибдодаи худ, ки «Таҳқиқи формулаи умумии пай дар пайи рекурентӣ» ном дошт, баромад намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид.
Устоди Ситора Ниёзова, омӯзгори Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе Равшан Каримов мегӯяд, ки Ситора истеъдоди баланд дорад ва эҷодкор аст. Дар пешрафту пирӯзиҳои Ситора Ниёзова омӯзгори математикаи гимназия, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лола Ҷабборова ҳиссаи шоиста дорад ва ҳидоятгару раҳнамои шогирди хеш ба сӯи комёбиҳои навин аст.
Мо аз муваффақиятҳои Ситора Ниёзова ифтихормандем ва ба ӯ пирӯзиҳои навин таманно дорем.
Тӯрақул ҶУМЪАЕВ,
роҳбари ҷамъияти
илмӣ-эҷодии хонандагон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр