Нашрияи Омӯзгор

Қосиди сулҳ

Сана: 2019-05-08        Дида шуд: 742        Шарҳ: 0

Дар байни мардум мақоли «Тозагӣ - гарави саломатӣ» маъмул аст, вале бояд гуфт, ки тозагӣ танҳо худ аз худ боиси солимии одамон шуда наметавонад. Барои нигоҳ доштани саломатӣ варзиш ва ҳаракат зарур мебошад. Ҳанӯз аз давраҳои аввали пайдоиш ба инсон маълум гашт, ки ҳаёт ҳаракат аст. Яъне, агар аз ҳаракат монед, пас аз ҳаёт хоҳед монд.

Варзиш солимии на танҳо бадан, балки солимии рӯҳ низ ҳаст, чунки ин ду мафҳум ба ҳам хеле наздик ва ногусастаниянд. Барои мисол, инсоне, ки тани солим дорад, ақлу тафаккури ӯ низ солим, дуруст ва созанда аст ва баръакс, агар инсон ақли комил дошта бошад, пас ӯ барои ҳифзи саломатияш ба варзиш ва фаъолияти ҷисмонӣ машғул мешавад.

Дар бораи варзиш ва манфиати он ба инсон ва умуман, ба олам соатҳо ҳарф занем, боз ҳам кам аст. Пас, шогирдони мо бояд донанд, ки барои инсони комил будан ва хаматарафа инкишоф ёфтан, новобаста аз намудҳои варзиш ба машқҳои ҳамарӯзаи бадан машғул шаванд ва онро дӯст доранд.

Ҷамолиддин БОБОЕВ,

омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш