Шумораи нави маҷал-лаи илмӣ, адабӣ ва таълимию методии «Адаб» бо муҳтавои ғанӣ ва ороиши ҷолиби техникӣ ба дасти хонандагон расид. Дар бахши аввали маҷалла «Аз Рӯдакӣ то имрӯз» мақолаҳои профессорон Мирзо Муллоаҳмад «Май дар рубоиёти Умари Хайём» ва Замира Ғаффорова «Дӯстӣ ва сидқу вафо аз нигоҳи Ҷамолии Деҳлавӣ», муҳаққиқон Умриддин Юсуфов «Шоҳкори ҷовиди Рашидуддини Ватвот» ва Зоҳирҷон Юсупов «Шуҷои Шерозӣ ва «Анису-н-нос»-и ӯ» ҷой гирифтаанд. Зери рубрикаи «Машриқу Мағриб» нигоштаҳои донишманди амрикоӣ Франклин Луис «Маснавии маънавӣ», китоби ҷаҳон ё ҳаваси асри ҷадид» ва фарҳангшиноси тоҷик Обид Шакурзода «Кӣ нахустин донишнома навишт?» чоп шудаанд. Корномаи илмии луғатшиноси маъруф Амон Нуров дар мақолаи «Шахсияти шуҳратёр ва осори мондагор»-и Ғайрат Азиззода бозгӯ шудааст.
Яке аз ҳадафҳои маҷаллаи «Адаб» муаррифии рӯзгор, андеша ва осори адибони маъруфи ҷаҳон, бахусус, барандагони ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт мебошад. Мутаассифона, ин ҷоизаи муътабар соли 2018 ба нафаре дода нашуд. Адабиётшинос Шодӣ Шокирзода дар нигоштааш «Соли 2018 – мушкилтарин давра дар таърихи ҷоизаи адабии Нобел» ин мавзӯъро пайгирӣ намудааст. Ҳамчунин, аз ин шумора хонандагон бо андешаҳои адибони маъруф, барандагони ҷоизаи Нобел Габриэл Гарсиа Маркес ва Эуҷенио Монтале дар боби ҷоиза гирифтан ва ҳунари китоб хондан ошно шуда метавонанд.
Меҳмони бахши «Анҷуманоро»-и маҷалла шоир ва муҳаққиқи самарқандӣ Дилшод Фарҳодзод зимни суҳбат бо адабиётшинос Анзурати Маликзод шеърро тандисе барои лаҳзаву ҳолат меҳисобад ва намунаи ашъорашро ба хонандагон ба армуғон овардааст. Дар бахши «Даричаи ошноӣ» устоди танзи адабиёти Полша Славомир Мрожек муаррифӣ гардида, намунаи осораш - ҳикояҳои «Пешрафт ва анъана», «Одамҳо ва магасҳо», «Ҷашни таваллуд», дар қисмати «Аз ганҷинаи адабиёти ҷаҳон» ҳикояҳои Луиҷи Пиранделло «Қазия ҷиддӣ нест» ва О.Генри «Охирин барг» чоп шудаанд. Қисмати ниҳоии маҷалла «Нақд ва муаррифии китоб»-ро тақризи омӯзгор Р.Маликзода «Муҳраи асили ҳаҷви муосир» ба китоби адиби шинохта А.Муродӣ «Пайкори мӯрон», ки ба дарёфти Ҷоизаи ба номи С.Айнӣ дар соли 2019 пешниҳод шудааст, оро медиҳад.
Н. ОХУНЗОДА, «Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр