Мулоқоти донишҷӯён аз ноҳияи Деваштич бо роҳбарияти ноҳия дар толори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур баргузор гардид.
Раиси ноҳияи мазкур Р.Ҷӯразода иброз дошт, ки соли 2017 аз ноҳияи Деваштич 2464 нафар хамткунанда тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супориданд. Аз ин 946 нафар (367 духтар) ба донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои омӯзгорию тиббӣ ва техникӣ дохил шуданд. Ҳамчунин, аз ҳисоби маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич, дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва тариқи ҳашари дастҷамъона дар деҳаи Истиқлол бинои нави муассисаи таълимӣ, дар шаҳраки Ғончӣ бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабӣ, дар деҳоти Далёни боло, Меҳробод биноҳои нави таълимӣ ва толори варзишӣ сохта шуда, айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимии деҳаи Обиборику Росровут идома дорад.
Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳо андешида шуда, дар ноҳия 13 маркази таълимӣ истеҳсолии қолинбофӣ ва 16 маркази таълимию истеҳсолии атласу адрас таъсис дода шуда, 51 адад дастгоҳҳои хурду калон насб карда шуд.
Меҳрона НАЗАРОВА,
донишҷӯи факултаи
журналистикаи ДМТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр