Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 105 – солагии адиби ҷанговар, Нависандаи халқии Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ ва 70 - солагии таълифи романи «Вафо» - и ӯ ҳамоиш баргузор гардид. Дар оғоз муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа зикр кард, ки Фотеҳ Ниёзӣ аз соли 1941 дар фронт ҳамчун мухбири варақаи ҷангӣ фаъолият кардааст. Ҳамзамон, нависанда бевосита дар муҳорибаҳои ҷангӣ иштирок ва диловарию шуҷоат нишон додааст. Қаҳрамони асосии асар Сафар Одинаев (аз романи «Вафо») тимсоли худи нависанда мебошад. Мутолиаи осори нависанда, бахусус, барои насли наврас ва ҷавонон имрӯз аҳамияти хоса дорад. Сипас, адабиётшиноси маъруф Абдунабӣ Сатторзода перомуни мазмуну муҳтавои романи «Вафо», сабку ҳунари нигорандагии нависанда ва инъикоси қаҳрамонию диловариҳои халқи Шӯравӣ, аз ҷумла, миллати тоҷик, дар роман батафсил сухан ронда, афзуд, ки аслан Фотеҳ Ниёзӣ ҷангноманавис маҳсуб меёфтанд. Ба таъбири устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, «Вафо» якумин романи адабиёти тоҷик дар мавзӯи ҷанг аст.
Адабиётшинос Муртазо Зайниддинов дар идома қайд кард, ки Фотеҳ Ниёзӣ бо бо таълифи романи «Вафо» ба онҳое, ки ба иштироки халқияту миллатҳои гуногуни собиқ ИҶШС дар ҷанг яктарафа баҳо медоданд, ҷавоби сазовор дода, собит сохт, ки саҳми тоҷикон низ дар таъмини ғалаба бар фашизми гитлерӣ кам набуд.
Нависанда Ато Ҳамдам зикр намуд, ки ману романи «Вафо» ҳамсол ҳастем. Барои ман боиси ифтихор аст, ки бо нависандаи заҳматқарин Ф. Ниёзӣ ҳамкор будам, аз суҳбатҳояш баҳра бурдаам. Ҳамин тавр, адибон М. Аҷамӣ, Б. Муртазоев, Ш. Мӯсо, А. Азиз, А. Партав, Р. Махсумзод ва Ш. Раҷабзод дар хусуси марҳилаҳои ҳаёти нависандаи бузург ҳарф зада, таъкид намуданд, ки ҳар чӣ зудтар куллиёти осори адиби ҷангноманавис так-роран нашр карда шавад.
Ш. Суҳайл
Иловакунӣ
Иловакунии фикр