Нашрияи Омӯзгор

Аз таърихи хазинаи нобелӣ

Сана: 2019-05-08        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Дар рафти омӯзиши фанҳои дақиқ ному насаби Нобел бисёр вомехӯрад ва хонандагон доир ба ин шахсият саволҳо медиҳанд. Бинобар ин, хостем, ки доир ба ин масъала маълумоте пешниҳод намоем.

Ҷоизаи Нобелӣ – бонуфузтарин ҷоизаи байнахалқӣ мебошад, ки ҳар сол барои тадқиқоти барҷастаи илмӣ, ихтироъкориҳои фавқулода, саҳми бузург дар фарҳанг ва рушди ҷомеа супорида мешавад.

Алфред Нобел 21 октябри соли 1833 дар шаҳри Стокголм  (Шветсия) дар оилаи муҳандис таваллуд шудааст. Ӯ мутахассиси соҳаи химия, муҳандис ва ихтироъкор аст ва дар тӯли фаъолияти илмии худ 355 кашфиёт кардааст, ки аз ҳама бузургтаринаш ихтирои динамит буд. Алфред Нобел соли 1894 консерни металлургии «Бофорс» - ро харидорӣ менамояд, ки ин корхона ба истеҳсоли яроқ машҳур гардида буд. Дороии А. Нобел дар як муддати кӯтоҳ хеле афзуд. Соли 1895 бародари Нобел - Эмил дар натиҷаи таркиш ба ҳалокат мерасад. Дар рӯзнома таъзия ба номи Эмил не, балки ба номи Алфред Нобел нависта мешавад, журналист ба хато роҳ медиҳад. Худи Алфред Нобел рӯзномаро мутолиа намуда, ин ҷумларо мехонад: «Одамкуш худаш кушта шуд». Вай ба хулосае меояд, ки дар оянда одамон нисбат ба ӯ нафрат пайдо мекунанд. Бинобар ин, ӯ қарор медиҳад, ки дар асоси дороии худ мукофоте муқаррар намояд. Ҳамин тавр, ҷоизаи машҳури ҷаҳонии Нобел арзи ҳастӣ мекунад.

То ҳол 908 олими бузурги дунё ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба ин мукофот сарфароз дониста шудаанд, ки онҳо 590 ихтироот ё кашфиёти илмиро ба вуҷуд оварданд.

Аввалин бор Ҷоизаи Нобел  соли 1901 ба олими олмонӣ Вилгелм Рентген оид ба соҳаи химия дода шуда буд.

Ба таркиби Ҷоизаи Нобел медали тилло бо расми Нобел ва навиштаи «Алфред Нобел. Аз 1833 то 1896», диплом ва расиди пул  (беш аз 1 млн доллари ИМА) дохил мешаванд. Ҷоизаи Нобелии сулҳро Кумитаи Нобелии парлумони Норвегия тасдиқ мекунад ва он дар Осло супорида мешавад. Дигар ҷоизаҳо  (дар бахшҳои гуногун) аз тарафи муассисаҳои илмии дахлдори Шветсия тасдиқ гардида, дар Стокголм аз дасти шоҳ тақдим мегарданд. Аз соли 1901 то имрӯз беш аз 885 Ҷоизаи Нобел эҳдо гардидааст.

Вале бояд ҳаминро гуфт, ки аксар дорандагони Ҷоизаи Нобелӣ хатмкардагони донишгоҳҳои бону-фузи Амрикою Аврупо мебошанд. Донишгоҳҳои Ҳарвард, Колумбия, Чикаго, Оксфорд, Париж, Мюнхен, Берлин аз ин лиҳоз пешсафанд.

Шахсони зерин ин ҷоизаро ду маротиба гирифтанд:

1. Мария - Складовская Кюрӣ - 1903  (физика), 1911 (химия)

2. Лайнус Полинг - 1954 (химия), соли 1962  (сулҳ)

3. Джон Бардин - 1956 (физика), 1972 (физика)

4. Фридрик Сангер - 1958  (химия), 1980  (химия)

Ташкилоти байналмилалии Салиби сурх ин ҷоизаро се маротиба соҳиб гаштааст: солҳои 1917, 1944, 1963.

Раёсати Комиссари олии СММ оид ба корҳои гурезагон ин ҷоизаро 2 маротиба дарёфтааст: солҳои 1954, 1981.

Дар арсаи байналхалқӣ ин ҷоизаро 23 ташкилоту созмони ҷаҳонӣ 26 маротиба ба даст овардаанд.

Дар Россия аввалин бор Ҷоизаи Нобелиро И. П. Павлов соли 1904 (дар соҳаи физиология ва тандурустӣ гирифта буд. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ин ҷоизаи бонуфузро соли 1956 химиядони рус Н.Н.Семёнов соҳиб гардид.

Бо Ҷоизаи Нобелӣ, умуман, 21 олим ва нависандаи Россия шарафёб гардидаанд, ки аз онҳо 11 нафарашон олимони соҳаи физика мебошанд.

Номҳои барандагони ҷоиза дар рӯзи таваллуди Алфред Нобел (21 октябр) муайян шуда, тантанаи супоридани он дар рӯзи вафоти Алфред Нобел (10 декабр) баргузор мегардад.

 

Нигина РАҶАБОВА,

Зумрат ЗОИРОВА,

омӯзгорони мактаби №67,

шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш