Ин воқеа соли 1991 рӯй дода буд ва ҳанӯз ҳам дар ёди Лутфулло мисли дирӯз нақш бастааст. Ҳеҷ гоҳ он лаҳзаҳои ҳассосро фаромӯш намекунад...
Изатулло Гулов баъди субҳона боз як бори дигар ба ҷузвдони худ назар кард ва дид, ки китобу дафтарҳояш дар ҷойи худанд. Дилаш ором гирифт. Омӯзгори собиқадоре буду умри бебаҳои худро ба соҳаи таълиму тарбия бахшид. Мактабро бисёр дӯст медошт, худро як лаҳза ҳам бе мактабу шогирдонаш тасаввур карда наметавонист. Пайваста ба наз-дикону пайвандон мегуфт, ки шиорам вобаста ба мактаб чунин аст: «Аз ту як соат ҷудоӣ, хуш намеояд маро». Ва воқеан, меҳраш ба даргоҳи таълиму тарбия беохир буд. Солҳои охир ба ҳайси директор фаъолият мекард…
Ӯ дафтари муқовааш сабзро ба даст гирифта, варақ гардонид ва садо дод:
- Рафиқ Лутфулло Гулов, аз хоб хестед?
-Бале, хестам, падар,- хоболуд ҷавоб дод писараш.
- Аз дарс дер намонӣ.
Баъди рафтани падар Лутфулло либосҳои худро пӯшида, ба мактаб роҳ пеш гирифт. Вориди дабистон шуда, падарашро бо нигоҳ ҷустуҷӯ намуд. Ба утоқи корияш рафту боз ҳам ӯро наёфт. Синфхонаҳоро низ як-як гашт. Падар дар ҳеҷ ҷо набуд. Ҳисси ногувори номаълуме дилашро дар панҷаи маҳкамаш мефушурду безобитааш мекард. Луфтулло мехост падарро бинад, барои чӣ худаш ҳам намедонист. Дари хонаи омӯзгоронро кушода, падарро дид, ки сар болои дафтари сабз ниҳода, беҳаракат аст. Наздаш рафта, пурсид:
- Падар ба шумо чӣ шуд? Қиблагоҳ сарашро бардошта, нимовоз ҷавоб дод:
- Худамро бад ҳис карда истодаам, шояд зуком шуда бошам. Дар синфи 5»А» дарс дорам, ин конспекти дарс. Маро ба хона бурда мону баргард мактаб ва хонандагонро дарс деҳ.
Писар ба таҳлука афтод. Саросема боронии падарро пӯшонида, ӯро ба хона овард. Пас аз оне ки дар бистар хобондаш, азми ба мактаб рафтан кард. Падар овоз дод:
- Писарам, дафтари сабзро фаромӯш накунӣ. Пеш аз мактаб рафтанат як сари қадам ба духтур бигӯй, ки омада маро бинад.
Писар дафтари сабз дар даст рӯ ба сӯйи бунгоҳи тиббӣ шитофт ва сардухтурро аз ҳолати бади падар огоҳ намуд. Ҳарду бошитоб ба самти хона давиданд. Ҷомадони духтурро низ худаш бардошта ба хона омад. Духтур пас аз муоинаи бемор ба писар нигоҳи ғамангезе кард. Писар аз нигоҳи духтур фаҳмид, ки ба мактаб рафтан лозим нест, зеро лаҳзаҳои охири умри падар мондааст. Дафтари сабз дар оғӯш рӯ ба рӯйи падар меистод. Вале ӯ бо имову ишора барояш мефаҳмонд, ки ба мактаб равад!
- Ба мактаб рав! Ба мактаб рав!-дар охирин лаҳзаҳои умраш таъкидҳои падар чунин буд ва бо ин суханҳо падар ҷон ба Ҳақ таслим кард...
Писар тамоми қувваи худро ҷамъ карда, дафтари сабзро кушод. Ба охирин саҳифаи он чашм дӯхту ин навиштаро дид:
Забони модарӣ, синфи 5»А», 8 октябри соли 1991
Мавзӯи дарс: «Ҷумлаҳои хуллас ва тафсилӣ…»
Лутфулло то имрӯз дафтари сабзи падарро гум накардааст ва ҳар саҳар пеш аз хона баромадан онро аз назар мегузаронад, ба дида мемолад ва ишораҳои падари омӯзгораш дар пеши рӯ, бо дили пурфараҳ сӯйи мактаб, сӯйи шогирдонаш мешитобад.
Л. ГУЛОВ,
омӯзгори географияи
мактаби №3-и
шаҳри Ваҳдат
Иловакунӣ
Иловакунии фикр