Нашрияи Омӯзгор

Меҳрафрӯзи дили шогирдон

Сана: 2019-05-08        Дида шуд: 765        Шарҳ: 0

Абдувалӣ Бердиалиев аз хурдӣ меҳри омӯзгор шуданро дар дил мепарварид ва ниҳоят ба мақсади хеш  расид.

Ӯ соли 1939 дар вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Минбаъд рӯзгору фаъолияти худро дар  шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба таълими насли наврас бахшид. Махсусан, фаъолияти илмиву омӯзгориаш дар ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров вусъати тоза пайдо кард. Номбурда мактаби илмии забоншиносии  ӯзбекиро дар шаҳри Хуҷанд асос гузошт. Ҳанӯз соли 1988 рисолаи докториашро дар соҳаи забон дифоъ намуда, соли 1990 ба дарёфти унвони профессор мушарраф гардид.  То имрӯз зери назари ӯ қариб чил нафар рисолаҳои номзадӣ ва докториро дифоъ кардаанд. Худи устод А. Бердиалиев муаллифи беш аз 30 монография, китобҳои дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, 200 мақолаи илмиву оммавӣ мебошад. Муаллим бо тавсияи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои хонандагони синфҳои 7 – 11  китобҳои дарсии забони ӯзбекиро таълиф намудааст.

Муаллим А. Бердиалиев ба банда  ҳаққи устодӣ дорад.  Аз устоди азизам малакаву маҳорати омӯзгориро  омӯхтаам. Вай  дар соҳаи худ басо донишманд ва дар айни замон хоксору фурӯтан ҳам ҳаст.

Айни замон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар  ба  номи Носири Хусрав шогирдонаш С. Холматов, Ҳ. Қӯзиева, М. Бобоева, Ш. Расулова ба донишҷӯён аз фанни забон ва адабиёти ӯзбек дарс медиҳанд, ки фахри устоданд.

Шогирдони устод на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар муассисаҳои олии касбии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳуриҳои Қирғизистону Ӯзбекистон   низ дарс мегӯянд.  Падарам бо устод аҳди бародариву дӯстӣ  доштанд. Акнун, ки қиблагоҳам дар паҳлуи мо нестанд, аз маслиҳатҳои падаронаи устодам истифода мебарам ва дар ҳалли ҳар гуна мушкилиҳои пешомада мададгори ман ҳастанд.

Ба қарибӣ  устоди азиз Абдувалӣ  Бердиалиев ба синни  ҳаштод расиданд. Барояшон саломатии бардавом ва рӯзгори босаодат таманно дорем.     

Шоира РАСУЛОВА,

омӯзгори кафедраи адабиёти тоҷики  ДДБ

ба номи Носири Хусрав


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш