Нашрияи Омӯзгор

Гулнор дар корзор

Сана: 2019-05-08        Дида шуд: 740        Шарҳ: 0

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллимаи физика ва риёзиёти муассисаи таълимии рақами 25-и шаҳри Панҷакент  Гулнор Соҳибова бо заҳмати шабонарӯзиву пурбаракаташ дар байни хонандагон ва аҳолӣ нуфузу обрӯе дарёфтааст, ки на ҳар омӯзгор ба он ноил мегардад.

Амаки Ҳазратқул дар майдони корзор, яъне, Ҷанги Бузурги Ватанӣ тифоқо китоби устод Айнӣ романи «Дохунда»-ро, ки ба забони русӣ тарҷума шуда буд, дар дасти рафиқе дид. Аз ӯ хоҳиш кард, ки чанд рӯз ин китобро барояш амонат диҳад. Рафиқаш гуфт:

-Ман хонда ба поён расондам. Акнун ту мутолиа кун.

Пас аз он ӯ дар вақтҳои барояш мувофиқ ин китобро мутолиа мекард. Ба ҳоли қаҳрамонони асар ва ба ёди зодгоҳ аз дигарон пинҳонӣ баъзан ашк мерехт.

Чун китобро хонда ба охир расонд, симои Гулнор (яке аз қаҳрамонони асар) аз пеши назараш дур намешуд. Ба худ аҳд намуд ки агар аз майдони ҷанг саломат баргардаду хонадор шавад, албатта, номи Гулнорро ба яке аз духтаронаш медиҳад.

Хушбахтона, бо вуҷуди чандин бор маҷрӯҳ шуданаш, аз майдони ҷанг ба зодгоҳаш деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент баргашт ва соҳиби хонаву ҷо ва арӯси зебое шуд.

Бисту нуҳуми апрели соли 1966 орзуяш ҷомаи амал пӯшид. Ба ӯ аз таваллуди духтарчаи зебое мужда расонданд.

Чун маросими номгузорӣ фаро расид, гуфт:

- Номи духтарамро ман дар майдони ҷанг гузошта будам, яъне, номаш Гулнор аст.

Гулнор дар ҷамъомадҳои мактабӣ бо се забон ҳарф мезад. Истеъдоди ин духтарак ҳамаи омӯзгорони мактаби миёнаи рақами бистро ба ваҷд меовард.

Вале истеъдоди фавқулодааш дар физика ва математика бештар ҳис мешуд. Рӯзе расид, ки ин духтарак мактабро ба поён расонд ва ба падараш гуфт:

- Падарҷон, ман мехоҳам, ки хонданро идома диҳам ва муаллимаи физика шавам.

Падараш гуфт:

- Ман ба идома додани таҳсил ба  ту ҳеҷ гоҳ муқобилият намекунам, чунки фардо нони беминнат мехӯрӣ.

Ҳамин тариқ, падар соли 1983 бо духтараш роҳи шаҳри Душанберо пеш гирифт. Гулнор ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи физика ва математикаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе, ба номи Т.Г. Шевченко супорида, сазовори номи донишҷӯ шуд.

Гулнор бо дипломи аъло донишкадаро хатм намуда, ба зодгоҳаш роҳхат гирифт. Муаллимаи мактаби хатмкардааш таъйин шуд.

Дар ин мактаб бахти худро ёфт. Шавҳараш Аҳмадҷон Мирзоев ба сифати корманди таҳлилгоҳи кимиёвӣ ба корхонаи муштараки «Зарафшон» ба кор қабул шуда, аз шаҳраки навбунёди Суғдиён хона гирифт ва бо оилаи худ ба он ҷо кӯчид.

Гулнор аз сабаби дурии роҳ ба мактаби шаҳраки Суғдиён омад. Азбаски мактаб он рӯзҳо сезабона буд, ӯ бо се забон дарс мегуфт.

Шогирдонаш Мурод Раҳимов, Илҳом Юсупов, Шаҳло Тағоева ва духтараш Фарида Мирзоева ва даҳҳо нафари дигар дар чанде аз озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро сазовор шуданд.

Фаъолияти чунин омӯзгорон аст, ки шогирдони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25 ҳар сол гурӯҳ –гурӯҳ донишҷӯёни мактабҳои олӣ мешаванд.

Муаллима соли 2016 сазовори нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Дар ҳақиқат, таҷрибаи кории ӯ омӯхтанист.

Исмоил Зарифӣ,

шоир ва рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш