Ин духтараки чеҳрахандон Азиза ном дорад ва мувофиқ ба номаш азизи ҳамагон гардидааст.
Азиза Нурматова дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, дар оилаи зиёӣ тавлид ва тарбия ёфтааст. Аз оғози дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон ба таҳсил пардохтанаш худро чун як шогирди меҳрубон, ҳалим, хоксор ва илмдӯсту китобхон нишон дод.
Ҳоло хатмкунандаи мактаби мазкур буда, тӯли солҳои таҳсилаш ба гирифтани зиёда аз 30 ифтихорномаву диплом (аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати маорифи вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон) шарафёб гардидааст.
Азиза гирандаи идрорпулии Президентӣ мебошад.
Соли 2017 ғолиби озмуни байналмилалии “Светозар” аз фанни забони русӣ дар шаҳри Маскав гардид ва дар олимпиадаи байналмилалии ба номи М. В. Ломоносов дар ин шаҳр (соли 2018) низ иштирок кард. Узви ҳақиқии Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон ва ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни биология (соли 2018) мебошад.
Ин духтари фаъол бо забонҳои русию англисӣ озодона сухан карда метавонад. Азиза дар назди худ мақсад гузоштааст, ки баъди бо баҳои аъло хатм кардани мактаби Президентӣ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Маскав ба номи И.М.Сеченов дохил шуда, мутахассиси варзида шавад ва ба Тоҷикистони азиз баргашта, баҳри солимии ҳалқу миллати азизаш хизмат намояд.
Ҳоло Азиза чун шогирди муваффақу аълохон барои гирифтани медали тиллоии хатми мактаб пешниҳод шудааст.
Ба Азиза Нурматова барору комёбиҳо таманно дорем.
М. НУРОВ,
омӯзгори мактаби Президентӣ, шаҳри Бӯстон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр