Инсон бе об зиста наметавонад ва воқеан ҳам, об дар ҳаёти мо нақши муҳим мебозад. Аз аввалин рӯзи ҳастӣ-пайдо шудани тифл дар батни модар об муҳимтарин моддаест, ки дар рушду нумӯи ӯ саҳм мегузорад. Агар гӯем, ки зиндагӣ бо об оғоз ёфта, бо об анҷом мепазирад, иштибоҳ нахоҳад буд. Мо-инсонҳо дар ҳар як лаҳзаи ҳаёт ба об ниёз дорем, бо он шустушӯ карда, ҷисми худро аз гарду чанг ва ифлосиҳо тоза мекунем. Об менӯшем, то ташнагии худро шиканем. Барои бисёре аз бемориҳо низ об яке аз беҳтарин давоҳои табиӣ ба шумор меравад. Масалан, ба бемори зуком табибон тавсия медиҳанд, ки оби ҷӯшомадаи ширгарм ё лимучой зиёд нӯшад. Вақте таби инсон баланд шуда, арақ мекунад, қисми зиёди оби баданашро аз даст медиҳад. Беобии организм нисбат ба бемориҳои дигар хатарноктар аст. Одами гурусна шабонарӯзи зиёд метавонад зинда монад, аммо ташнагӣ инсонро зуд аз по афтонда, ба марг мерасонад. Зеро об дар мубодилаи моддаҳои зарурӣ саҳми калон дорад. Аз ин рӯ, нӯшидани оби зиёд беобии ҷисмро бартараф намуда, имкон медиҳад, ки одам саломатии худро беҳтару зудтар барқарор кунад ва дар бадан миқдори зарурии обро захира намояд. Аз 43 ҳиссаи организми моро об ташкил медиҳад. Ба андешаи олимон, 85% - и мағзи сари инсон аз об иборат буда, он ба беобӣ хеле ҳассос аст, яъне, дар сурати норасоии об функсияҳои худро дуруст ва дар сатҳи лозимӣ иҷро карда наметавонад. Об дар ҷисми мо ду вазифа дорад: сарчашма ва нигоҳдорандаи ҳаёт аст. Агар мо муҳиммияти обро дар рушду инкишофи баданамон ба хубӣ дарк кунем, саломатиамонро пурра ҳифз карда метавонем.
Мудассира Рӯзиева,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №51-и шаҳри Панҷакент
Иловакунӣ
Иловакунии фикр