Мактаб ягона маконест, ки дар он ҷо омӯзиши забони русӣ бо тамоми нозукиҳояш сурат мегирад. Бояд таъкид намуд, ки барои истифодаи усули самарабахши таълими забони русӣ дар мактаб мавҷуд будани васоити таълим, чун аёниятҳои гуногун, таблитсаву китобҳои дарсӣ шарти зарурист.
Омӯзгорон бояд ҳамеша кӯшиш намоянд, ки аз воситаҳои технологияҳои муосир низ ба таври фаровон истифода баранд. Мутобиқати китобҳои дарсӣ бо барномаҳои таълимӣ ҳам дар тадриси забони русӣ нақши муайян доранд. Яке усули дигари самарабахши забони русӣ дар мактаб худомӯзии омӯзгор аст. Ба ақидаи педагоги шинохтаи рус К. Ушинский, агар инсон дониши худро ҳар рӯз такмил диҳад, он хурд бошад ҳам, барои инсон чизи нав аст.
Шакли дигари самарабахши таълими забони русӣ бо сифати баланд омӯзонидани қоидаҳои грамматикӣ ва имло мебошад. Ҳангоми дарс ба азбар кардани қоидаҳои грамматикӣ эътибор дода, ба маънои аслии қоидаҳо диққат надодан хатост. Дар натиҷа хонандагон қоидаҳои омӯхтаашонро амалӣ карда наметавонанд. Яъне, дар шарҳи порчаҳои назмию насрӣ оҷизӣ мекашанд. Мақсад аз таълими грамматика он аст, ки бояд шогирдонамон аз тамоми фанҳо қобилияти ҳаматарафа дошта бошанд. Ин гуна усули таълимро таълими «ҳамгиро» меноманд. Яъне, дар алоқамандӣ таълим додани забону адабиёти рус, ки беҳтарин усули омӯзиши ин фанҳост. Таълими ҳамгиро тақозои ҳаёти имрӯза аст ва он кори муаллимро хеле осон менамояд: ҳам сифати таълими забони русӣ ва ҳам адабиёти русро ба пояи баланд мебардорад.
Луғатомӯзӣ ҳам дар дарсҳои забон ва адабиёти рус яке аз қисмҳои асосии сифатнок таълим додани ин фан мебошад.
Дилафрӯз САИДОВА,
омӯзгори забони русии мактаби №48, шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр