Нашрияи Омӯзгор

Нақши ҷаҳонии забони муқтадир

Сана: 2019-05-08        Дида шуд: 744        Шарҳ: 0

Дар ҷаҳони муосир, ки масоили марбут ба забон аҳамияту моҳияти ҳар чӣ бештар пайдо мекунанд, забони русӣ мавқеи худро васеътару устувортар месозад. Ин забон ҳам аз тарафи сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳам аз ҷониби забоншиносони варзида яке аз забонҳои тавонманду бонуфузи олам эътироф гардидааст.

Дар ватани забони русӣ – Федератсияи Россия халқҳои зиёде бо ин забон гуфтугӯ мекунанд. Дар қатори забонҳои англисию фаронсавию испонӣ забони рӯсӣ дар чандин кишвари дунё истифода мешавад. Ҷуғрофияи истифодааш самту бахшҳои гуногунро фаро мегирад. Махсусан, дар соҳаи илм имконоти забони русӣ беинтиҳост. Олимони мамлакатҳои зиёде бо ин забон гуфтугӯ ва дар ҳамоишҳои байналмилалии илмӣ суханронӣ мекунанд. Муқаррар шудааст, ки беш аз 60-70%-и ахбори марбут ба соҳаи илм дар саросари ҷаҳон бо забонҳои англисию русӣ интишор ва ҳифз мешаванд. Вазифа ва мақоми забони русӣ дар соҳаҳои дипломатия, тиҷорат, нақлиёт, туризм, кайҳоншиносӣ ва амсоли инҳо пайваста вусъат меёбад.

Дар як гурӯҳ кишварҳои олам забони русӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва дар мактабҳои олӣ ҳамчун фанни таълимӣ омӯхта мешавад. Ҳамчунин, ин забон ба сифати забони расмии муошират ва коргузорӣ дар чанде аз созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, дар СММ пазируфта шудааст.

Дар таълимгоҳҳои мамолики Ғарб, дар ИМА, Канада ва дар Чин забони русӣ мавриди омӯзиши ҷавонон қарор дорад. Таваҷҷуҳ ба омӯзиши он дар кишварҳои ҳудуди Африқо низ рӯ ба афзоиш мебошад.

Домангустарии забони русӣ дар Аврупо аз асри 11 оғоз ёфтааст ва минбаъд ҳамбаста ба болоравии мунтазами мавқеъ ва эътибори Россия дар арсаи ҷаҳонӣ вусъат ёфтааст. Ба афзудани нуфузи забони русӣ, махсусан, рушди адабиёти бадеӣ, пешрафти илму техника ва муҳимтар аз ҳама, ғалабаи Инқилоби Октябр (с.1917) мусоидат карданд. Мавқеъ ва нақши ҷаҳонии Россия, ки давра ба давра густариш меёбад, боиси бештар боэътиборгардии забони ин давлати абарқудрат гардидааст.

Тибқи анъана забонҳои байналмилалӣ аз нигоҳи лингвистӣ дар бисёр мамлакатҳои олам ва дар бонуфузтарин марказҳои илмию таҳқиқотӣ мавриди омӯзиши олимони соҳа қарор мегиранд. Вобаста ба ин, имрӯз забони русӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ таҳқиқ мешавад ва дар баробари олимони забоншиноси русу ИДМ муҳаққиқони зиёде дар мамолики гуногун ба ин кор машғуланд. Бо забони русӣ дар айёми мо чандин маҷаллаю рӯзномаи байналмилалӣ ба нашр мерасад. Маҷаллаи «Забони русӣ дар хориҷа», ки дар Москав чоп мешавад, эътибори ҷаҳонӣ дорад. Дар Россия ҳанӯз соли 1967 Ассотсиатсияи байналмилалии омӯзгорони забон ва адабиёти рус таъсис дода шудааст.

Ин буд сухане чанд дар мавзӯи забони русӣ дар паҳнои олам. Дар ин мавзӯъ ба хонандагони мактабҳо маълумот додан таваҷҷуҳу майли онҳоро ба омӯзиши ин забони ҷаҳонӣ ва умуман, ба забономӯзӣ тақвият мебахшад.

 

Азалбегим ХУДОДОДОВА,

омӯзгори забони русӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш