Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ омӯзиши фанни физика аз синфи 7 ибтидо мегирад. Маълум, ки ҳеҷ амале якбора оғоз намеёбад: барои он заминае, омодагие мебояд.
Маъмулан, дар синфҳои ибтидоӣ ва дар солҳои аввали таҳсил дар зинаи дуюми таҳсилот оид ба аксар фанҳо хонандагон маълумоти аввалия пайдо мекунанд. Масалан, пеш аз он ки ба омӯзиши алгебра ҳамчун фанни алоҳида шурӯъ намоянд, хонандагон дар чанд соли аввали таҳсил бо одитарин амалҳо ва ҳисобҳои алгебравӣ шинос карда мешаванд. Вобаста ба фанни физика ҳам метавон чунин иброз дошт. Як силсила маълумоти аҷоибу шавқовар, ки омӯзгорон ба шогирдон қабл аз ба омӯзиши фанни физика оғоз карданашон вобаста ба ҳаводису ҷараёнҳои табиат иброз медоранд, дар ниҳоди онҳо майлу рағбатеро нисбат ба ин фан бедор мекунад. Ин гуна маълумотро дар лаҳзаҳои алоҳидаи фанҳои гуногун, дар дарсҳои иловагӣ ва маҳфилу суҳбатҳо ироа кардан мумкин аст. Хонандагони хурдсол ба муҳити хеш, ба ҳодисаву воқеаҳои атрофашон бо кунҷковӣ ва таваҷҷуҳ назар меафкананд ва донистан мехоҳанд, ки ин чисту чаро ин тавр аст, барои чӣ чунин ҳодиса ба амал меояд. Масалан, онҳо аввалин бор қалами худкор (авторучка)-ро ба даст гирифта, як дараҷа дар ҳайрат мемонанд: чӣ тавр он менависад, ранг худ ба худ рӯи варақ меояд? Омӯзгор бояд ба таври содаву фаҳмо аз ин хусус ба хонандагон маълумот диҳад.
Қабл аз ихтирои қалами худкор қаламе маъмул буд, ки онро дар ранги моеъ тар карда менавистанд.
Қалами худкорро соли 1939 ихтироъкори маҷорӣ (венгер) Ладислав Жозеф Биро ихтироъ кардааст. Ӯ барои ин гуна қалам ранги ғализи мисли хамираро истифода намуд. Ин имкон дод, ки ранг дар варақ паҳн нашавад. Даруни найчаи қалами худкор бо ранги ғализ пур карда мешавад ва дар нӯги меҳвар саққочаи филиззӣ ҷойгир мегардад. Вақте ки нӯги саққочадори меҳвар ба дафтар расида, ҳангоми навишт ба ҳаракат меояд (давр мезанад), ба ин восита ранги меҳвар саққочаро тар мекунаду ранг ба коғаз мегузарад.
Албатта, ҳангоми чунин шарҳ омӯзгор чанд қалами худкорро ба сифати аёният истифода мебарад.
Ҳамин гуна маълумоти сода, вале муҳиму ҷолибро ба хонандагон оид ба чароғҳо ироа кардан мумкин аст.
Чароғҳои аввалин аз гил ва ё филиз (меттал) сохта шуда буданд. Ин зарфҳоро ба ягон навъи сӯзишворӣ, масалан, равғани рустанӣ ё чарбу пур карда, ба он пилта гузаронда, дармегиронданд. Пилта равғанро ҷаббида, то тамом шудани он фурӯзон меистод. Баъдтар ба ҷои равған аз спирт ва керосин истифода мебурданд. Аз аввалҳои асри 19 чароғҳои газӣ маъмул гардиданд. Ҳамчунин, хонаҳоро бо шамъи мумии найчашакл, ки дар байн пилта дошт, равшан мекарданд. Чароғи барқии аввалинро соли 1878 ихтироъкори амрикоӣ Томас Эдисон ба вуҷуд овард. Аз он айём то ҳол технологияи рӯшноидиҳӣ хеле пеш рафтааст. Навъҳои гуногуни асбобҳои рӯшноиафкан пайдо шуданд: чароғҳои кӯчагӣ, чароғҳои махсус барои корхонаҳо, чароғи мошинҳо, қандилҳо... Ҳоло чароғҳои флюорессентӣ ва галогенӣ, ки каммасрафанд, нисбат ба чароғҳои барқии тафсон бештар истифода мешаванд. Чароғҳои флюорессентӣ ё неонӣ соли 1934 ихтироъ шуданд. Баътар чароғҳои галогенӣ кашф гардиданд, ки нисбат ба дигар чароғҳо равшантаранд.
Ҳамин тавр, ба шогирдон оид ба сохтору таърихчаи баъзе ашёву таҷҳизоти атрофашон, чун мошинҳо, дучарха, соатҳои электронӣ, шабакаҳои обгузар, асбобҳо барқӣ... маълумот додан хеле муфид хоҳад буд.
Чун хонандагон дар ин замина маълумот пайдо мекунанд, ба омӯзиши фанни физика то андозае омода мешаванд ва бо шавқу завқ ба таҳсил мепардозанд.
Алихон ХОЛМАТОВ,
омӯзгори физика
Иловакунӣ
Иловакунии фикр