Соли 2005 дар вилояти Суғд Соли саломатӣ эълон гардида буд ва барои беҳдошти саломатии мардум тадбирҳои муассир андешида шуд. Аз ҷумла, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10, Ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ сохтмони толори варзишӣ оғоз гардид.
Мутассифона, имсол 13 сол мешавад, ин толор нимсохтаву нимакора боқӣ мондааст. Шогирдони мактаб орзуе дар дил мепарваранд, ки мисли дигар ҳамсабақони худ вориди толор гардида, машқи бадан намоянд ва ба мусобиқаҳои варзишӣ машғул гарданд. Махсусан, дар фасли сармо, ки сардӣ ҳукмфармосту имкони гузаронидани дарси тарбияи ҷисмонӣ дар берун вуҷуд надорад, мавҷуд будани толори варзишӣ хеле зарур мебошад.
- Соли 2005 барои бунёди толори варзишӣ мактаби мо 80 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Сохтмони толори варзиширо ширкати «Хорошое настроение»-и вилоят ба уҳда гирифта, бо ин маблағ таҳкурсӣ ва қолаби толорро бе хораҳои ёрирасон бунёд кард. Баъди тамом шудани маблағ чанд сол сохтмон қатъ гардид ва дубора барои идома додани он аз вилоят 50 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Бо ин маблағ боми толори варзишӣ шиферпӯш гардид. Наздики 13 сол мешавад, ки ин иншоот аз ёдҳо фаромӯш гардидааст. Дар ин муддат маъмурияти мактаб ба мақомоти болоӣ борҳо муроҷиат намуд, вале афсӯс, ки бенатиҷа, - мегӯяд омӯзгори тарбияи ҷисмонии мактаб Иқболшоҳи Ҳофизиён.
Тибқи ҳисоби мутахассисони соҳаи сохтмон барои пурра ба истифода додани толори варзиш бо ҳуҷраҳои иловагӣ наздики 250 ҳазор сомонӣ маблағ зарур аст. Толор дар масоҳати 24Х12 тарҳрезӣ шуда, қомат афрохтааст, лекин ягон хонаи ёрирасон, аз қабили ҳуҷраи муаллим, ҳуҷраи либоскашии мардона, занона, ҳуҷраи лавозимоти варзишӣ ва ҳуҷраи шустушӯ надорад. Мувофиқи талаботи иншооти варзишӣ бояд ин гуна ҳуҷраҳо ба сохтори толор ҳамроҳ карда шаванд. Мутаассифона, ин ҳуҷраҳои иловагӣ аслан ба нақша ворид нагардидаанд ва толори варзишӣ низ дар ҳоли нимакора қарор дораду сохтмони он солҳо инҷониб кашол меёбад…
Бо раиси кумитаи падару модарони мактаб Мирзоамон Бадалов тасодуфан дар назди ин толори варзишӣ вохӯрдем. Ӯ ба мо чунин шикоят кард: «Ба бисёре аз сохторҳо муроҷиат кардем, аммо бо сабаби набудани маблағ сол то сол сохтмонро ақиб мепартоянду дар фикри ба истифода додани толори варзишӣ нестанд. Мо ба вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, муҳтарам Нуриддин Саид, ки барои пешрафти маориф хидматҳои шоиста менамоянд, эҳтироми зиёд дорем ва аминем, ки барои анҷоми сохтмони толори варзишии мактаби мо ёрии худро дареғ намедоранд».
Дар баробари ин кашол-кориҳо дар сохтмони толори варзишии бинои мактаби миёнаи №10 низ вазъи ногувор дорад. Мактаб солҳои 60-уми асри гузашта сохта шуда, аввалин маротиба соли 1968 шогирдонро ба оғӯш гирифтааст. Имрӯз хатмкардаҳои мактаб дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ кору фаъолият доранд ва барои ободию шукуфоии Ватани азизамон сарбаландона заҳмат мекашанд.
Мавриди зикр аст, ки дар бораи вазъи ногувори толори варзишӣ дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» чанд сол муқаддам низ мақола ба нашр расида буд ва собиқ раиси ноҳияи Мастчоҳ ваъда дода буд, ки то моҳи сентябри соли 2014 ин толор мавриди истифода қарор дода мешавад. Аммо бо гузашти беш аз чаҳор сол то ҳанӯз толори варзиш дар ҳолати нимсохта боқӣ мондаву ваъдаҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодаанд.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр