Нашрияи Омӯзгор

Ҳодисаҳои электрикӣ дар атмосфера

Сана: 2019-05-08        Дида шуд: 762        Шарҳ: 0

Дар шароити муқаррарӣ газҳо диэлектрик мебошанд ва қариб пурра аз атомҳои нейтрал ва молекулаҳо иборатанд. Вале ҳангоми гармшавии газ ва инчунин, таҳти таъсири афканишот (ултрабунафш, рентгенӣ ё радиоактивӣ) ионишавии газҳо ба вуҷуд меояд, яъне, ҷудошавии онҳо ба атомҳо ва молекулаҳо, ба ионҳо ва электронҳо.

Ионишавӣ метавонад ҳангоми бархӯрди атомҳо ва молекулаҳои бо суръати хеле баланди ҳаракат ба вуҷуд ояд. Ҳамин тавр, дар ҳаво зарядҳои электрикии озод ҷамъ мешаванд: электронҳо, ионҳои мусбат ва манфӣ. Дар ҳаво вуҷуд доштани зарядҳои электрикии озод бо якчанд ҳодисаи аҷиб алоқамандӣ дорад.

Дар ҳаво дар наздикии ноқилҳои нӯгтез нурафшонӣ мушоҳида мешавад, ки онро аввалин бор баҳрнавардон дида «оташҳои Элма» номгузорӣ карда буданд. Онҳо дар намуди оташакҳои алоҳидаи чашмакзананда ва ҳатто дар намуди машъалҳо мешаванд. Дар баъзе ҳолатҳо онҳо ба забонаҳои оташ монанд мешаванд. Ба ҳамаи ин шаклҳои ғайриодии ин ҳодисаҳо нигоҳ накарда, онҳо ба осонӣ шарҳ меёбанд. Дар атмосфераи пеш аз раъдубарқӣ майдонҳои электрикии пурзӯр вуҷуд доранд, ки аз рӯйи индуксия зарядҳоро дар ҷисмҳои гуногуни ҷараёнгузари тар ба вуҷуд меорад. Барои мисол дар сутуни киштӣ. Оташакҳо разрядҳои электрикии ором дар атмосфераи намнок мебошанд. Дар физика чунин тахлияи ноқилҳои тезнӯгро тоҷӣ меноманд. Аз дунгии манораҳо, предметҳои дароз, дарахтон ва ғайраҳо шарораҳои хурди электрикӣ баромадан мегиранд. Агар шарораҳо бисёр бошанд, дурахши сафеди нилобирангро мушоҳида кардан мумкин аст, ки ба забонаҳои оташ шабоҳат дорад.

Ҳангоми нурафшонии газҳои тунук дар қабати болоии атмосфера, ки ионосфера ном дорад, ҳодисаи аҷиби табиӣ – дурахшонии қутбӣ мушоҳида карда мешавад. Ин дурахшонӣ дар баландиҳои 80 км ва аз он зиёд аз сатҳи Замин ба назар мерасад. Ин ҳодиса бо фаъолияти Офтоб алоқамандии зич дорад. Дар қаъри он, дар ҳарорати якчанд миллион дараҷа реаксияи ядроӣ (табдилёбии як атомҳо ба дигараш) мегузарад. Дар ин маврид сели заррачаҳои заряднок партофта мешавад, ки ба тамоми гирду атроф мепарад, аз ҷумла, ба Замин.

Ҳангоми ба қабатҳои болоии тунуки атмосфера расидан ин селҳо бо атомҳо ва молекулаҳои ҳаво (нитроген ва оксиген) бархӯрда, онҳоро ба нурафшонӣ маҷбур мекунанд. Замин магнити калонтарин буда, ин сели заррачаҳоро ба худ ҷазб мекунанд ва онҳоро ба қутбҳои магнитӣ майл медиҳад, ки дар наздикии қутбҳои географии шимол ва ҷануби Замин ҷойгир шудаанд. Аз ин сабаб, нурфишонӣ дар Замин дар наздикии қутбҳо зиёдтар аст.

Тахлияи максималӣ дар табиати ғайризинда дар абрҳои раъду барқӣ аст. Онҳо қатраҳои об ва булӯрҳои яхро доранд, ки ҳангоми афтиш (соиш бо якдигар, соиш бо ҳаво, ҷудошавӣ ба хурдтаринҳо) электронок мешаванд. Муайян карда шудааст, ки дар қисми болоии абрҳо зарядҳои мусбат ва дар қисми поёниаш зарядҳои манфӣ ҷамъ мешаванд. Сатҳи Замин дар боли абрҳо аз рӯйи индуксия мусбат заряднок мешавад. Дар дохили абр ва инчунин, байни абр ва Замин тахлияҳо – барқ пайдо мешавад.

 

Парвина Абдулвоҳидова,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш