Нашрияи Омӯзгор

Поси хотири ҷанговар

Сана: 2019-05-08        Дида шуд: 744        Шарҳ: 0

Аз як деҳаи хурдакаки Теми ВМКБ 6 нафар ҷанговар баҳри ҳифзи хоки Ватан аз фашистони гитлерӣ ба майдони набард рафтаанд. Ба хотири поси хотири ҷанговар Ҷангибек Зикиллобеков дар мактаби рақами 11-и ҳамин деҳа чорабинӣ доир шуд. Омӯзгорон ва хонандагони мактаб аз корнамоии Ҷангибек Зикиллобеков дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ маълумоти пурра доданд. Хатмкунандагони ин таълимгоҳ, ки хизмати модар –ватанро сарбаландона адо намуда, ба деҳа баргаштаанд, ба чорабинӣ даъват шуданд.

Дар вохӯрӣ муовини сардори Ташкилоти мададгори мудофиаи ВМКБ Исматулло Назиров сухан кард. Дар хотима байни хонандагон оид ба донистани қоидаҳои истифодаи дурусти аслиҳаи ҷангӣ мусобиқа баргузор шуд.

Ҷ.Қозибеков, «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш