Нашрияи Омӯзгор

Нақши шӯрои методӣ ва сифати таълим

Сана: 0000-00-00        Дида шуд: 775        Шарҳ: 0

Дар марҳалаи гузариш ба низоми нави таълим нақши Шӯрои методӣ ҳамчун як ниҳоди танзимсози корҳои таълимию методӣ, сохтори беҳгардонии мазмуни таҳсилот, ташкилкунандаву мураттабсозанда ва расмикунонандаи барномаҳои таълимӣ, маводи методӣ, нақшаҳои тақвимии иттиҳодияҳои методӣ ва нақшаҳои таълимии муассиса муассир мегардад.

Ҳадафи асосии Шӯрои методӣ ба вуҷуд овардани фазои мусоиди таълимӣ барои рушди инноватсионии муассисаи давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассуснокӣ ва инкишоф додани маҳорати эҷодии омӯзгорон ва таъмин намудани сифат ва самаранокии раванди таълиму тарбияи насли наврас маҳсуб меёбад.

Барои расидан ба ҳадафи мазкур Шӯрои методиро лозим меояд, ки дар заминаи омӯзиш ва таҳлили вазъи раванди таълим дар муассиса, масоили мубрами рӯзи онро муайян кунад ва бо дарназардошти проблемаҳои мавҷуда нақшаи фаъолияти кории худро барои як соли таҳсил таҳия ва амалӣ созад.

Бо такя ба собиқаи 45-солаи омӯзгорӣ ва собиқаи 10-солаи роҳбарии Шӯрои методӣ мехостам барои ҳамкасбону ҳаммаслаконам пешниҳодеро манзур намоям, ки аз манфиат холӣ набошад. Ба андешаи ман, ба манфиати кори Шӯрои методӣ ва беҳсозии раванди таълим мебуд, агар дар нақшаи солонаи фаъолияти Шӯрои методии муассисаи таълимӣ вазифаҳои зерин дар самти анҷом додани корҳои таълимию методӣ таъкид мегардиданд:

- ташаккул додани роҳу усулҳои омӯзонидани фанҳои таълимӣ ва истифодаи технологияи инноватсионии таълим;

- ба роҳ мондани омӯзонидани фанҳои таълимӣ мувофиқи стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди маҳорати касбии ҳайати омӯзгорӣ, таҳрик додани ҷанбаи эҷодкории фаъолияти омӯзгорон бо  дарназардошти талаботи касбӣ ва имконияти инфиродии ҳар яки онҳо;

- ташкил ва таъмини методикии фаъолияти таҷрибавӣ ва инноватсионии ҳайати омӯзгорӣ.

Мусаллам аст, ки Шӯрои методӣ корҳои таълимию методиро дар шаклҳои коллективӣ, гурӯҳӣ ва инфиродӣ роҳандозӣ менамояд. Аз диди ман, ба манфиати кори ҳар як омӯзгор мебуд, агар Шӯрои методӣ дар баробари пешбурди шаклҳои коллективии корҳои методӣ, шаклҳои инфиродии корҳои методиро низ истифода барад.

Дар ин раванд мақсад ва мазмуни корҳои инфиродии методии ҳар як омӯзгорро, ки тибқи нақша   сурат мегиранд, бо мақсаду мавзӯъҳои методии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ мутобиқ гардонидан зарур аст.

Яке аз шаклҳои маъмул ва самарабахши шаклҳои инфиродии корҳои методӣ ин худомӯзии омӯзгорону роҳбарони муассисаи таълимӣ маҳсуб меёбад, ки он ҷузъи таркибии таҳсилоти билфосилаи роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад.

Дар ин ҷода Шӯрои методӣ бояд ҳамчун ниҳоди муайянкунандаи самтҳои умумии худомӯзӣ баромад кунад. Аз таҷрибаи корӣ дарёфтаам, ки дар марҳалаи кунунӣ самтҳои асосии худомӯзӣ бояд фарогири ҳадафҳо ва вазифаҳои зайл бошанд:

- баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии ҳар як омӯзгор тавассути азхудкунии  дониш ва таҷрибаи пешқадами навтарин дар соҳаҳои омӯзгорӣ, равоншиносӣ, методика ва ташкили раванди таълим ва тарбияи хонандагон;

- такмил додани омодагии назариявӣ ва касбии ҳар як омӯзгор аз рӯйи тахассус ва фанни таълимӣ, бо роҳи азхудкунии донишҳои навтарини илмӣ - техникӣ ва дастовардҳои  соҳаи марбутаи илмӣ, техникӣ ва технологӣ;

- васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии умумифарҳангӣ ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии умумии омӯзгор тибқи дархост ва манфиатҳои шахсӣ, ки ба инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият мусоидат менамоянд.

Зимни муҳокима ва тасдиқи нақшаи инфиродии худомӯзии ҳар як омӯзгор мо бояд ба чунин методҳои муҳими худомӯзӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳем:

- аз ҷониби омӯзгор мавриди омӯзиши мустақилона қарор гирифтани адабиёти илмӣ - омӯзгорӣ ва тавсияҳои методӣ;

- ширкати омӯзгор дар тамоми шаклҳои кори методии муассисаи таълимӣ;

- аз ҷониби омӯзгор мавриди омӯзиш қарор гирифтани таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ бадастомада;

- иштироки мунтазам ва фаъолонаи омӯзгорон дар машғулиятҳои дарсии байниҳамдигарӣ ва таҳлили воқеъбинонаи дарсҳои кушод;

- аз ҷониби ҳар як омӯзгор анҷом дода шудани таҳлили фаъолияти инфиродии худ ва арзёбӣ намудани натиҷаҳои он, таъмини ширкати омӯзгорон дар кори таҷрибавии  муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ доир карда мешавад;

- таъмини ширкати фаъолонаи омӯзгорон дар раванди таҳиясозии мавод оид ба таъмини пурраи методии фанҳо ва касбҳо, омодасозии рефератҳо, маводи методӣ, маърӯзаҳо, лексияҳо ва ғайра.

Натиҷаҳои худомӯзӣ, коркарди мустақилонаи ҳар як омӯзгор  (тавсияҳои методӣ, методикаи ҷузъӣ, маводи дидактикӣ, таҷрибаи пешқадами педагогӣ, рефератҳо ва маърӯзаҳо), ки дар ҷаласаҳои Шӯрои методӣ баррасӣ мегарданд, бояд дар шакли пурра дар кабинетҳои методии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ  нигаҳдорӣ карда шаванд ва барои истифодабарии омӯзгорон дастрас бошанд.

Табиист, ки ҳамаи ин тадбирҳои ба фаъолгардонии ҳайати омӯзорон нигаронидашуда, дар ниҳояти кор Шӯрои методиро ба ниҳоди воқеан ҳам тақвиятбахшандаи сатҳ ва сифати раванди таълим дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил медиҳанд.

 Марҳамат УМАРОВА,

раиси Шӯрои методии

гимназияи №74-и

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш