Нашрияи Омӯзгор

Номи нек мондаву ёдҳои ширин

Сана: 2019-05-08        Дида шуд: 741        Шарҳ: 0

Гӯё ҳамин ҳоло онҳоро зинда пеши чашм мебинам. Саҳни фарохи мактаб, офтоби пурҳарорати сӯзон, шогирдон бо сару сурати зебо ва гулу гулдастаҳои хушрангу ҷолиб дар даст, ҳамагӣ мутаваҷҷеҳи меҳмонон гардида, мунтазир ба оғози кушоиши маҳфили идонаанд.

Ва ман ба чеҳраи шукуфтаю хаёломези меҳмонон – иштирокдорони ҷанг (Ҷанги дуюми ҷаҳон) менигарам. Шавқ ва ҳолу ҳавое фаро мегирадам, ба дил мегӯям, ки «чӣ хубе, чӣ хубе, ки қаҳрамонон аз деҳаи мо ҳоло зиндаанд, дар бари моянд, шоҳидони бевоситаи набардҳои фаҷеатангезу хунин, ки аз он айёму рӯзгори сангин ба мактабиён ҳикоятҳо мекунанд. Гоҳ бо шӯру шаафи бепоён, гоҳе бо ғаму ҳасрати ошкоро, ки ба маҳзи шунидани ин нақлу саргузаштҳо якбораву нохоста косаи чашмонат моломоли ашки сӯзон мегардад.

Аз тарафи рост бо пайкари харобу наҳиф ва дар айни ҳол нигоҳи бовиқоронаю салобати хоса бобои Кабир нишаста, чашмони пурмеҳрашро ба майдон, ба духтаракону писарон дӯхтааст. Қадре андешаманд менамояд. Шояд дар бораи чизе фикр мекунад? Лаҳзаҳои вазнину фалокатбори арсаи ҷангро ба хотир меорад? Кӣ медонад…

Дар паҳлуи бобои Кабир  бобои Салом ҷой гирифтааст. Миёнақад аст, бо либосҳои хоксорона (ҷелаки рах-рахи сурх дар бар ва аз таг куртаи суф дорад) нишаста, гоҳу ногоҳ ришашро кафмол карда, низ ба хаёл меравад. Бад-ин тартиб, шафати якдигар Бобои Саъдулло, амаки Раҷабалӣ (яке аз саркорони пешқадами замони Шӯравӣ, ки дар пахтакорию рӯёнидани ҳосили баланд шӯҳраи даврон гардида буд), амаки Сафовуддин, бобои Олим, амаки Азиз, амаки Ҳаит, Мирзонаими Азиз, Бӯрии Қодир… ҷо бигирифтаву ҳароина андешаманд, шукрона дар лаб барои сухан гуфтан аз қабл гӯё омодагӣ мебинанд. Ҳа, як ҳолатро фаромӯш кардаам. Эшон ҳамагӣ пеши бари худро бо нишону медалҳо, орденҳо оро додаанд, ки дар зери анвори хуршед ҷило медиҳанду чашмҳоро мебаранд. Хаёлан пеши назарам чунин манзарае муҷассам мегардад:

Муаллиме (шояд директори мактаб бошад), ҳо, ҳо, бонуи иродатманду соҳибдил Башорат Қурбонова ҷамъомади идонаро ба шарафи Рӯзи Ғалаба кушода эълон мекунад. Як-як иштирокдорони  ҷангро ба ҳозирон муаррифӣ намуда, ба гунаи фишурда зиндагиномаи онҳоро шарҳу тавзеҳ медиҳад.

Баъдан ду нафар хонанда-писараку духтараке ҷилави барномаи тантанавиро ба даст  мегиранд. Пораҳои шеърие дар васфи далерию шуҷоати қаҳрамонон дар майдони ҷанг қироат мекунанд. Яке мебинам:

Бобои Кабир аз ҷо баланд гардида, канда-канда ва дардомез ҳарф мезанад. (Аёнам мешавад, ки аввал ба ӯ сухан додаанд). «Моро барвақт, ҳанӯз соли 1939 ба хизмат даъват карда буданд. Моҳе машқҳои ҳарбиро ба ҷо овардем, ки ба ҷанг сафарбар намудандамон. Мо аввал намедонистем, ки чӣ гуна ҷангест. Баъд фаҳмидем, ки бар зидди Филандия (бобои Кабир Финляндияро ҳамин тавр ном мебурд) ба мубориза бархостаем. Расо як сол давом ёфт ҷанг. Ҷанги даҳшатангезу вазнине буд. Махсусан, зимистон азоби гӯрро кашидем. Мо ғалаба кардем. Финляндия бохти худро дар ин ҷанг пурра ҳис карда розӣ шуд, ки бо Иттифоқи Советӣ сулҳ бандад. Мо ба қафо баргаштем. Лекин дар сармои қаҳратун пойҳои маро хунук зад. Дар госпитал ангуштони пойҳоямро ҷарроҳӣ карда буриданд. Пас аз ин маро ҷавоб доданд. Ба Тоҷикистон, ба зодгоҳам баргаштам. То ҳол ҷароҳати пойҳоям азобам медиҳанд, рӯзҳо-ку дарди бахайр. Шабҳо то саҳар месӯзанд пойҳоям. Ин як дардест, ки онро ба гуфтану нақл кардан фаҳмидану дарк намудан аз имкон дур аст. Шукр, шукр, ки бо сари баланд ба душман ғалаба карда, ба ватан баргаштам. Ман бо вуҷуди ин ҳама хушҳолам, охир зинда мондан чӣ бахти бузургест!»

Силсилаи гуфтори бобои Кабир канда мешавад, ӯ хомӯш монда, дафъатан ба хаёл меравад. Ман эҳсос мекунам, ки барои пирамарди азобдида ба ҳеҷ ваҷҳ осон нест он айёми тасаввурнопазири ҳаёту мамоти башариро ба ёд овардан. Дар ин лаҳзаҳо аз дили бобои Кабир чӣ мегузарад, дар оинаи хаёл чӣ манзараеро мебинад? Марги кадом ҳамяроқашро, бориши барфу сардии таҳаммулнопазирро, ки охир ба сармо задани пойҳояш анҷом пазируфт? Хонандае, лентаҳои алвонии кокулҳояш аз вазиши бод парафшон дастагулеро ба бобои Кабир дароз мекунад.

- Э офарин, набераи бобо, - хурсандона, бо оҳанги навозиш хитоб мекунад пирамард.

Амаки Мирзонаим, ки дар муҳорибаҳои шадиду хунбор аз як пой маҳрум гардида буд, воқеоти ҷангро бафурҷаю батафсил нақл мекард. Гоҳе ки вай ингуна аз амалиётҳои ҷангии худу ҳамяроқашон сухан меронд, гӯё он ҳодисаҳоро дар навори филм медида бошӣ, зинда пеши дидагонат муҷассам мегардиданд.

- Ман лаҳзаи ниҳоят бароям душвору ногуфтанӣ (аз пойи рост маҳрум шуданамро), ҳеҷ гоҳ аз гӯшаи хаёл бароварда наметавонам, - ба нақл шурӯъ мекард амак. Ҳини озод кардани шаҳри Днепропетровск мо душманро пеш карда ба баландие баровардем. Аммо корамон вазнинтар шуд. Мавқеи ҷойгиршавии фашистон афзалиятҳо дошт. Онҳо аз боло бераҳмонаю бетанаффус ба сӯйи мо тирпарронии бардавомро оғоз карданд. Тир жолаборонро ба хотир меовард. Имкони сар бардоштан набуд. Ҳарчанд мо низ аз ин ҷониб ба онҳо зарбаҳои ҷавобӣ медодем, вале қадаме пеш рафтан муяссарамон намегардид.

Оқибат садои баланду мутантани командири баталиёнамон дар паҳнои дашт танинандоз гардид:

- Ба пеш, барои ғалаба! Вақти камин гирифтан кайҳо гузаштааст. Бояд душманро маҳв ва несту нобуд кард. Дигар ҷойи андешаю хаёл нест. Ура!!!

Мо аз ҷоямон бархоста, якҷоя «ура!»-гӯён ба пеш тохтем. Ҳамин лаҳзаҳо буд, ки садои ғуввоси гӯшкаркунандаи самолётҳои армияи мо дар болои сар баланд гардиданд. Ин ба мо қуввату рӯҳ бахшид. Тирпаррониро идома дода, охир ба баландӣ баромадем. Сарбозони немис қисме рӯйи сабзаҳои навдамида афтида, ҷон ба ҷаббор таслим намуда буданд. Аз ҷасади фашистон рӯйи дашт сиёҳтоб ба чашм мерасид. Боқимондаашон рӯ ба сӯйи ҷангали пешорӯ ба пасашон нигоҳ накарда медавиданд. Мо аз таъқиби онҳо даст накашида, думболагирашон мекардем. Вақте ки ба гурӯҳи ангуштшумори душман наздик шудем, чанд тане аз онҳо ба сӯйи мо гранатаҳо ҳаво доданд. Мо дилпурона ҳаракати худро ба пеш идома медодем. Як вақт ҳис кардам, ки баданам худ аз худ метафсаду нафасгириям вазнин гардида, дилам дар панҷаи дарди ноошное номураттаб метапад, пеши чашмонамро абри тирае фаро мегирад. Зӯр зада қадаме чанд гузоштанӣ шудам, ки мадору қуввати танам суст гардиданд. Ба замин афтодам, хостам хазида-хазида пештар биравам. Арақ аз сару рӯям мешорид. «Чӣ воқеа рӯй дода бошад? – гузарондам аз дил ва ба пайкарам дида дӯхтам. Якбора риштаи нигоҳам ба пои ростам лағжид. Пой аз болои шими аскарӣ сӯрох-сӯроху ғалбер гардида, хуни арғувонӣ аз он чун аз чашмасорон ҷӯшидаву заҳида мебаромад. Аслан карахту беҳису беҷон буд поям. Хостам онро сахт баста, ҳаракати худро давом бидиҳам. Аммо… дигар замину осмон болои сарам ба чарх задан даромада, дарахтони арчаю сӯзанбарг дар меҳвари нигоҳам бо ҳам наздику сар ба сар мешуданд. Офтоб чу зардии тухм метобиду аз дидагонам дур мешуду дур мешуд ва рафта- рафта ба доғи сафедчатобе мубаддал гардида, осмони тирагун гӯё ки болоям парӯ меомад. Ҳама мавҷудот ғайб заданд… Баъди дар госпитал табобат гирифтан поямро ҷарроҳӣ карданд. Азоби дандоншикане буд аз пой маҳрум гардидан. Чӣ чора? Насибу тақдир будаст. Вале шукр кардам, ки умри дубора ёфтам. Амаки Мирзонаим рӯймолча аз ҷайб бароварда, ашки чашмонашро пок мекард, муддате сокит монда, оҳе гарон аз сина берун мекашид ва зери лаб пичиррос мезад: «Шукр, шукри замонаи тинҷу осоишта, шукри серию пурӣ…»

Аз байни меҳмонон-иштирокдорони ҷанг қомати баланде боло мешавад, мӯйсари кӯтоҳу сап-сафеди оҳарӣ, нигоҳе лабрези фазилату хирад, саропо чу ҳакиме донову тавоно менамояд ба чашм. Ман неку бишнохтамаш: бобои Тӯра аст вай, ҳисобчии фермаи колхоз, ки дар деҳаи Моинкаҷ ҷой гирифтааст. Дарк мекунам, ки бобои Тӯра ниҳоят камгапу хоксор аст, аслан сухану нақли дурударозро хуш надорад. Аз ҷангу муҳорибаҳо ҳеҷ ҳарф дар миён андохтан намехоҳад. Аммо ин дам ба чашмони нигоҳашон суолҷӯи хонандагон бингариста, яхи хомӯширо мешиканаду лаб ба гуфтор мекушояд амаки Тӯра: «Ҷанг фалокат асту бадбахтӣ. Вақте ки ҷанг сар мезанад, хурсандию шодмонӣ аз  байн меравад. Ғаму андӯҳ, ноумедию дилсиёҳӣ фаро мегирад инсонро. Ман аз қаҳрамонию диловарии ҷанговарони Шӯравӣ, ки аз ҳамаи миллатҳо якмаром меҷангиданд, зиёд ҳарф намезанам. Шумо, фарзандони азиз, ин ҳамаро аз китобҳо хондаеду дар филмҳо тамошо кардаед. Боре ҳангоми озодкунии шаҳри Харков ба мо ҳолате рух дод, ки онро бе оби дида наметавон нақл кард. Баъди ҷангҳои зиёд ва талафоти бешумор, ки мо дар муҳосира монда будем, оқибат бо дастгирию мусоидати самолётҳои бомбаандозамон ва расида омадани қувваи нави ҷангӣ хатти фронт-ро рахна карда, душманро ба ақибнишинӣ маҷбур намудем. Вале ҷон аз дасту пойҳоямон қариб баромада, қуввату рамақе надоштем, ки дигар ба пеш қадам гузорем. Тобистон буд, гуруснагӣ дарди бахайр, сахт ташна монда будем. Хаёлам ҳафтаҳо луқмаи ноне ба даҳон набурдаву қатраи обе нанӯшида будем. Хаставу ранҷур аз дашту саҳроҳои нопайдоканор мегузаштем. Дар ҳеҷ маконе нишоне аз об намеёфтем. Як вақт ба мавзее расидем, ки рӯи замин кӯлмакҳои зиёди об ба назар расид. Ҳама шодона «об, об, бачаҳо» гӯён ҷониби кӯлмакҳо давиданд. Мо ба шикам лаби кӯлмакҳо дароз кашида, лабони худро ба об расонда, нӯшидему нӯшидем. Аммо маззаи об ким-чӣ хел, бӯгину нохуш буд. Вақте ташнагии худро шикастем, бархоста ба оби кӯлчаҳо нигаристем. Чашмҳоямон равшан шуда буд ва медидем, ки дар кӯлмакҳо ба ҷойи об салярка ҷамъ шудааст. Баъд фаҳмидем, ки ташнагӣ ончунон моро беҳолу бехуд карда будааст, ки кӯли саляркаро чун об дам кашидаем. Лабу даҳонамон бӯйи баде мекард, вале ин дигар бароямон аҳамияте надошт. Ҳо, ҳамин хел ҳолатҳо ҳам ба сарамон омада буд… Ва мо ҳаракати худро ба пеш идома додему баъд аз 17 рӯзи гуруснагӣ шаҳри Харковро аз душман озод намудем. Хаёлам, ки то ҳол маззаю тамъи саляркаи дар даштҳои Украина нӯшидаамон аз даҳонамон нарафтааст».

Дигар сокит мегардад амаки Тӯра ва оҳиста дар ҷояш менишинад…

Инак, солҳое аз он айёми мактабхонии банда сипарӣ гардидаанд. Он қаҳрамонони ҷабҳа, ки аз деҳаи Моинкаҷи ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ баҳри ҳифзи хоку ватан сина сипар карда буданд, дигар дар қайди ҳаёт нестанд. Дар мактаби №51-и ноҳия гӯшае махсусе ташкил кард шудааст, ки аз ҳаёту корнамоиҳои қаҳрамонони ҷанг, ки зикрашон дар боло рафт, ҳикоят мекунад. Ҳар гоҳе ки гузорам ба мактаб афтад, беихтиёр ба сурати иштирокдорони ҷанг менигарам. Дурудароз менигарам.

Ва ба дил мегӯям:

«Шумо зиндаед, дар ёдҳо, дар қалбҳои мо. Ифтихори якумрии аҳли деҳ ҳастед. Ҳеҷ кас, ба ҳеҷ ваҷҳ шуморо аз лавҳи хотир берун нахоҳад кард. Шукӯҳу шаҳомат ва шаъну шарафи як деҳи Моинкаҷ не, балки тамоми мамлакат мебошед!»

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш