Яке аз роҳҳои баланд бардоштани ихтисос ба худомӯзӣ машғул гардидани ҳар як омӯзгор мебошад. Бобҳои нақшаи худомӯзӣ инҳоянд:
1. Баланд бардоштани дониши ғоявию сиёсӣ
2. Пурра ва саҳеҳ омӯхтани фанни худ
3. Такмили маҳорату малака
4. Омӯзиши масъалаҳои омӯзгорӣ-равоншиносӣ
Ҳангоми қабули кӯдак ба синфи якум омӯзгор аз рӯйи пурсишнома суҳбат ташкил намуда, сатҳи ба мактаб тайёр будани ӯро муайян мекунад. Пурсишнома чунин буда метавонад: ном ва номи падар, модар ё дигар аъзои оила, синну сол, суроға, донистани фарқияти сабзавот аз мева, шаклҳои геометрӣ, ҳисобкунӣ, фаслҳои сол, қироати шеъру нақли афсонаҳо, шинохтани баъзе ҳарфҳои чопӣ ва ғайра.
Аз ин рӯ, омӯзгорони синфҳои ибтидоиро лозим аст, ки кӯдаконро бо мақсаду вазифаҳои мактаб, донишомӯзӣ тариқи суҳбатҳои гуворо ва фаҳмо шинос намоянд. Дар «Гӯшаи волидон» сенарияи «Мактаббозӣ», расмҳои гуногун аз ҳаёти мактаб, сайругашт дар мактаб ва ғайра ҷой дода мешаванд. Иҷрои нақша бояд зери назорати доимӣ қарор дода шавад.
Такмили малакаҳои хониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ яке аз қисматҳои мураккаб ва таркибии таълим ба шумор рафта, аз омӯзгор заҳмат ва маҳорату малакаи баланди омӯзгорӣ талаб мекунад, чунки аз худ кардани фанҳои таълимӣ дар синфҳои боло аз ҳамин самти кор вобастагӣ дорад. Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ барои ба комёбиҳо ноил шудан дар ин самт бояд аз рӯзҳои аввали соли хониш диққати махсус дода, пеш аз ҳама, озодии ботинию зеҳнӣ ва фикрии хонандаро таъмин намояд.
Хулоса, мо-омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дониши худро бояд сайқал диҳем ва он чизеро, ки худ омӯхтем, ба хонандагон омӯзонем. Ба таълиму тарбияи шогирдони худ ҷиддӣ машғул шавем ва шахсони сазовори давру замонро тарбия карда, ба воя расонем.
Майсара Фозилбекова,
омӯзгори мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии №2,
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр