Нашрияи Омӯзгор

Лейтенант ва профессор

Сана: 2019-05-08        Дида шуд: 744        Шарҳ: 0

Муҳаммадӣ Ҳамроев зодаи шаҳри Ваҳдат аст. Ӯро соли 1942 барои таҳсил ба омӯзишгоҳи ҳарбии шаҳри Катта-Қӯрғони ҶШС Ӯзбекистон мефиристанд.

Соли 1943, ки ҳамагӣ 18 сол дошт, командири взвод таъйинаш намуданд. Моҳи ноябри соли 1943 Ҳамроев бо ихтиёри худ ба Украина, ба фронт рафта, он ҷо низ раҳбарии взвод (дар полки тирандози 344-ум)-ро ба дӯш дошт. Соли 1945 дар ҷараёни набард бо душман аз пояш сахт захмӣ шуд, аммо то поёни ҷанг ва ба даст овардани Ғалаба, лейтенант Муҳаммадӣ Ҳамроев дар фронт буд.

- Сабақҳои талхе, ки ин ҷанги хонумонсӯз ба сари тамоми инсоният оварда буд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд шуд, - мегӯяд М. Ҳамроев.

- Ҳар як рӯзи пурфоҷиаи ҷанг барои халқҳои Шӯравӣ, аз ҷумла, мардуми Тоҷикистон як имтиҳони ҷиддӣ ва сабақи таърихӣ гардида буд, - мегӯяд ӯ. - Имрӯз баъди гузашти чандин даҳсола мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки халқи тоҷик якҷо бо халқу миллатҳои гуногун бар зидди мусибату машаққатҳои бениҳоят вазнини ҷанг истодагарӣ карда, аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашт ва дар таъмини ғалабаи бузург бар фашизм саҳми муносиб гузошт.

Пас аз бозгашт ба Ватан Муҳаммадӣ Ҳамроев чанд сол сарварии яке аз мактабҳои миёнаро ба зимма дошт. Аммо эҳсоси кунҷкобиаш, меҳру рағбаташ ба илм ӯро ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Сталинобод бурд. Соли 1951 онро бомуваффақият хатм карду то соли 1955 таҳсилашро дар аспирантураи ҳамин донишкада идома бахшид. Солҳои баъдӣ дар донишгоҳҳои Тирмизу Сталинобод, Тошканд ва Қӯрғонтеппа ба шогирдон дарс гуфт. Рисолаҳои номзадӣ ва докториашро ҳанӯз дар солҳои 60-70-уми асри гузашта ҳимоя карда, ба ҳайси профессори донишгоҳ фаъолият намудааст.

Заҳматҳои Муҳаммадӣ Ҳамроевро ба инобат гирифта, ӯро бо орденҳои «Ҷанги ватанӣ» дараҷаи 1, «Ситораи сурх» ва 8 нишони Иттиҳоди Шӯравӣ қадрдонӣ кардаанд.

Ҳоло Муҳаммадӣ Ҳам-роев дар иҳотаи 5 фарзанду набера давлати пирӣ меронад ва ба онҳою шогирдони сершумори худ аз рӯзҳои сахти ҷанги солҳои 1941-1945 ҳикоят карда, ҳамагонро ба гиромидошти сулҳу ваҳдат ва якпорчагии кишвари азизамон ҳидоят мекунад.

Сангимурод ИЗЗАТОВ,

омӯзгори коллеҷи тиббии

шаҳри Бохтар,

подполковник


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш