Аз рӯзгори омӯзгори собиқадор, иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Мирзошариф Ғафуров
Ӯ як аср муқаддам дар оилаи марди ҳунарманд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми факултаи - Рабфак ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод (имрӯза Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) дохил шудааст.
Пас аз курси дуюм ӯро ба хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват мекунанд. Ҷанг оғоз мешавад. Дар муҳорибаҳо борҳо захмин мешавад. Қиссаи диловариҳои шуҷоъписар дар ҷабҳа басо ибратомӯз аст. Ва ин қиссаҳо пора - пора борҳо дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ба табъ расидаанд. Нақлҳои ин пири рӯзгордида хеле таъсирбахшанд. Хотирааш хеле қавист. Ӯ дафтарчаи хотироти солҳои ҷангро, ки ҳамеша ҳамроҳаш буд, азиз медорад. Дар ин дафтарча, ки бо мурури замон хеле рангпаридаву варақҳояш фарсуда шудаанд, аз зиндагии гоҳ ором, гоҳ пурмоҷарову андар ситези худ навиштааст. Бо ҳамон дафтарчааш ба ҷанг рафт, дар замони мудҳиши ҷанг низ хотираҳои рӯзҳои набардҳоро менавишт. Он дафтари хотирот аз байни дуду оташ, тиру туфанг гузашта, ҳоло ҳам ҳамроҳи ӯст…
…Баъди ҷанг ба кори пуршарафи омӯзгорӣ оғоз кард. Дар мактаби миёнаи №12 - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тӯли беш аз чил сол шогирдони зиёдеро тарбия намуд. Ба нафақа баромаду касбашро дигар кард. Азбаски шефтаи зебоӣ буд, ҳамроҳи ҳамдеҳааш, омӯзгор Абдуллохоҷа Исмоилов бо гулпарварӣ машғул гардид, гармхона сохту гул кошт. Гулҳои мисли сафҳаи ҳаёташ рангорангро ба мардум пешкаш намуд. Ин пешаро ба фарзандону набераҳояш низ омӯзонд. Бояд ёдовар шуд, ки Абдуллохоҷа Исмоилов зидди гитлерчиёни қаттол дар муҳорибаҳо баҳри ҳимояи Ватан қаҳрамонона ҷангида, бо сари баланд ба зодгоҳаш баргашт. Хушбахтона, ба иқболи мо - имрӯзиён ин ду нафар родмардони Ватан барҳаётанду дар маҳфилу маъракаҳо гули сари сабад...
Мирзошариф Ғафуров ба солхӯрдагияш нигоҳ накарда, ҳаргиз ором нишаста наметавонад. Вай маҳбуби ҳамагон, маслиҳатгари ҷавонону дуогӯи набераю аберагон аст. Бо ҷавонон, аҳли маҳалла суҳбатҳо меорояд, ҳар ҳарфаш саршор аз панди рӯзгор аст.
Дар деҳаи Рӯмон оилаи муаллимро қатори беҳтаринҳо ном мебаранд, зеро нуҳ фарзандаш ҳама соҳибмаълумоту соҳибкасб буда, дар ҷомеа мақому манзалати шоис-таро соҳибанд.
Омӯзгори собиқадор, иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Мирзошариф Ғафуров имсол ба синни 100 қадам мегузорад.
Бобои садсола шукргузор аз зиндагист, ҳамин шукргузориро ба ҷавонону наврасон талқину таъкид мекунад, меафзояд, ки ин Ватани озоду ободро дӯст доранд, ба қадри обу хоки ин сарзамин расанд ва барои ҳифз ва шукуфоии марзу буми кишвар саъй варзанд.
Мавлуда ҲОҶИБОЕВА,
Абдуғафур АМИНЗОДА,
аъзои Иттифоқи
журналистони Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр