Нашрияи Омӯзгор

Муборизе аз деҳаи мо

Сана: 2019-05-08        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Насли калонсоли ноҳияи Муъминобод Шариф Салимовро хуб мешиносанд ва дар ёд доранд. Ӯ иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳон ва бинокори муваффақи ноҳия буд ва бо хоксорӣ, фурӯтанӣ ва хислатҳои наҷибонааш дар байни хосу ом қадру манзалати баланд дошт.

Бобои Шаприф баъди хатми синфи 7 – ум колхозчӣ шуда кор мекунад. Дар синни 17 ӯро ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват мекунанд. Фаъолияи ҷангиаш аз Ҷумҳурии Украина оғоз меёбад. Шарифи ҷавон дар фронти якуми Украина, дар яке аз дивизияҳои он хизматро ба роҳ мемонад. Ҷавонписари далери тоҷик қаҳрамонона ва нотарсона бар зидди фашистон меҷангид. Шариф дар озод кардани шаҳрҳои Киев, Харков, Донетск ва Житомири Украина аз фашистон қаҳрамонӣ нишон додааст. Дар ин задухӯрдҳои шадид аз ду тараф талафоти калон ба назар мерасид. Артиши зафарманди Шӯравӣ душманро шикаста дода, ба озод кардани давлатҳои Европа оғоз намуд. Қаҳрамони мо дар озод намудани Руминия низ далерию қаҳрамонӣ нишон додааст.

Барои далерию ҷасурӣ ва қаҳрамонона бар зидди фашистон ҷангиданаш ӯ сазовори ордени Ҷанги дуюми ҷаҳон, дараҷаи якум ва дуюм, медалҳои “Барои озод карани шаҳри Киев”, “Озод кардани Бухарест”, раҳматнома аз номи Сарфармондеҳи Олии армияи Советӣ И.В.Сталин, раҳматнома аз номи К. Г. Жуков гардидааст.

Ҷанговари шуҷоъ бо сари баланду рӯи сурх ба деҳа баргаштааст.

Шариф Салимов соли 1945 техникуми бинокории шаҳри Сталинободро хатм намуда, дар колхоз бинокор шуда кор мекунад. Баъди барҳам хурдани ноҳия (соли 1958) дар совхози номдори “Муъминобод” сардори бригадаи сохтмончиён шуда бенуқсон ва софдилона кор мекунад.  Саҳми акаи Шариф дар бунёди биною фермаҳои чорводорӣ, обанбори Душанбе ва даҳҳо иншооти дигар назаррас мебошад.  Корнамоиҳои ҷангӣ ва меҳнатиаш ӯро байни мардуми ноҳия шарафманд гардонида буданд. Шариф Салимов соҳиби 10 фарзанд буд. Номбардори ӯ писараш, шоири шинохтаи тоҷик, Салими Хатлонӣ мебошад.  Акаи Шариф имрӯз дар байни мо нест, вале бо кори неку хислатҳои наҷибаш дар дили мо зинда аст.

Исмоил ҶАБИНЗОДА,

ноҳияи Муъминобод

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш