Нашрияи Омӯзгор

Мо аз табиатем, табиат аз мост

Сана: 2019-05-08        Дида шуд: 743        Шарҳ: 0

Таълим дар синфҳои ибтидоӣ таҳкурсии мустаҳками минбаъдаи таҳсилот ва давраи муҳимми ташаккули шахсияти хонандагони хурдсол мебошад. Хонандагон дар ин давра на танҳо хондан, навиштан ва ҳисобро ёд мегиранд, балки ба ҳодисаю воқеаҳои табиат шинос мешаванд.  Дуруст аст, ки хонандагон бо табиат ва мафҳумҳои он аз синфи 1 (ҳатто аз давраи томактабӣ) шиносоӣ пайдо мекунанд, аммо омӯзиши ин мавзӯъро дар доираи фанни таълимӣ асосан аз синфи 4 оғоз менамоянд. Яке аз шартҳои муҳимми муҳофизати табиат ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ тарбияи ҳисси табиатдӯстӣ дар насли наврас ва талқини истифодаи эҳтиёткоронаи бойигариҳои табиат мебошад.

Табиатро дӯст дош-тан Ватанро дӯст дош-тан аст. Табиат сарчашмаи ҳаёти моддию маънавии мост. Хуб мешуд, ки мо, омӯзгорон, дар муассисаҳо маҳфили “Табиатшиносони ҷавон” ташкил карда, ба ин восита муҳаббати хонандагонро нисбат ба табиат афзун гардонем. Ҳамчунин, бо ёрии падару модарон гӯшаи зиндаи табиатро ташкил намоем, саёҳатҳои мавсимиро ба табиати зебои диёр ба роҳ монем, хондани китобҳои вобаста ба табиату бойигарии онро талқин карда, нақши одамонро дар тағйирёбии он нишон диҳем, чистон, тезгӯяк, пандҳои бузургонро оид ба омӯзиши табиат мақсаднок истифода барем, иштироки фаъолро дар кабудизоркунии синфхонаҳо, муассисаҳо ва табиати маҳал ташкил намоем.

Ҳанӯз мутафаккири бузург Фридрих Энгелс оид ба табиат гуфта буд: “Дар ҳар қадам мо бо ҷисму хун ва мағзи худ ба табиат тааллуқ дорему андарунаш мавҷудем ва тамоми ҳокимияти мо бар вай аз он иборат аст, ки мо бар хилофи тамоми мавҷудоти дигар қонунҳояшро фаҳмида дуруст ба кор бурда метавонем”.

Хурмо РАҲМОНОВА,

омӯзгор

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш