Нашрияи Омӯзгор

Беморӣ ё овозаю ҳангомаи беҷо?

Сана: 2018-04-20        Дида шуд: 762        Шарҳ: 0

Ҳодисаи рӯзи 5-уми апрели соли 2018 мубталои беморӣ гардидани гурӯҳи хонандагони синфҳои 5-9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и деҳаи Чаргии Поёни ноҳияи Муъминобод ва аз таъсири омилҳои номуайян худро ноҷӯру беҳолу беҳаракат ҳис намудани 27 хонандаи мактаб, ки аз тариқи сомонаи «Радиои озодӣ» пахш гардид, боиси нигаронии ҳамагон гашт. Мо барои ба даст овардани маълумоти дақиқ ба шуъбаи маорифи  ноҳияи Муъминобод рафтем.

ҷонишини мудири шуъбаи маориф Сафар Маҳмадшоев иброз дошт, ки аз 5–уми  апрел то имрӯз  намояндагони ҳамаи идораю муассисаҳои дахлдор барои муайян намудани сабабҳои беморшавии хонандагон ба мактаби деҳа меоянд. Айни ҳол гурӯҳи кории аз ҳисоби пизишкони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ ба ҷойи ҳодиса рафта, хонандагону омӯзгоронро аз муоинаи тиббӣ гузаронида истодаанд.  Муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии  №23-и деҳаи Чаргии Поён дар масофаи 2-3 км дур аз маркази ноҳия ҷойгир буда, тавассути похсадевор сохта шудааст. Муассиса аз 6 синфхонаи тангу норавшани ба талаботи гигиенӣ-санитарӣ ҷавобгӯ набуда,  иборат буда, айни ҳол 134 хонандаи синфҳои 1-9-и  ду деҳа - Чаргии Поён ва Чаргии Боло  дар ду баст дар таълимгоҳи мазкур таҳсил доранд. Барои маълумоти дақиқро дастрас намудан дар хусуси ҳодисаи рухдода мо бо директори иактаб Басбӣ Самадова  ва омӯзгорону хонандагон ҳамсуҳбат шудем. Директори муассиса ҳодисаи беморшавии хонандагонро  чунин шарҳ дод:

 - Рӯзи 5.04.2018 чун ҳарвақта иштироки омӯзгорону хонандагонро ба машғулиятҳо аз назар гузаронида, дарсро дар синфҳо оғоз намудем. Баъди оғози дарси дуюм ман як даста  рӯзномаи «Пайрав»-ро ба синфҳо бурда, ба хонандагон тақсим кардаму ба муаллими синфҳои шаш суҳбат доштам, ки дари синф кушода шуду муаллимаи синфи 7 маро даъват намуда гуфт, ки хонандаи синфи 7 Валиҷони Назар худро бад ҳис карда истодааст. Ман рафта ӯро зуд аз синф берун оварда, аҳволпурсӣ намуда, аз назар гузаронидам. Ӯ аз бемадорию беҳавсалагӣ  ва беҳузуршавии дилаш  шикоят намуда, гуфт, ки пойҳояш қувват надорад ва ӯро дар болои курпача пӯштнокӣ хобондам ва ба ӯ валерианкаю оби хунук додам ва дидам, ки манаҳаш меларзад. Дар ин маврид хабар доданд, ки  аз синфи 5 Парвизи Хисрав ва боз ду - се нафар хонандаи дигар синф ба чунин ҳолат гирифтор шудаанд. Ман муаллими солхӯрдаи мактаб Ҳакимовро даъват карда гуфтам, ки рафта духтури деҳа Кароматуллои Давлатро ҷеғ занад. То духтури деҳа омадан  10 хонанда ба чунин ҳолат гирифтор шуданд. Табиби деҳа фишори хун, кори дил ва ҳарорати бадани хонандагонро ташхис намуда, ҳайрон шуд, ки ҳамаи узвҳои бадани онҳо фаъолияти хуб доранд. Хонандагони «бемор», доду фиғон мебардоштанд ва ҳамсинфонашон  ин ҳолатро дида ба тарсу ҳарос афтоданд Ман мушоҳида кардам, ки шумораи зиёди хонандагон аз дарди сар ва беҳузуршавии дил шикоят мекунанд. Фавран падару модарони хонандагонро ба мактаб даъват намудам, ки фарзандонашон бемор шуданд ва онҳоро ба беморхона баранд.  Ҳодиса аз соати 10:22 дақиқа сар шуда, дар муддати як соат 10-15 хонанда аллакай гирифтори аломатҳои чунин беморӣ шуданд. Кароматуллои Давлат ин ҳолатро дида, фавран ба беморхонаи марказии ноҳия, ба Тӯйбошӣ Восиев дар тамос шуда, дар бораи ҳодисаи беморшавии хонандагон ӯро хабардор кард. Баъдан духтури беморхонаи марказии ноҳия Тӯйбошӣ Восиев амр медиҳад, ки ҳамаи хонандагонро барои ташхис ба беморхонаи марказӣ биёранд. Дар фурсати ками вақт бо кормандони беморхона, омӯзгорон, падару модарон кӯдаконро ба беморхонаи марказӣ бурда, ёрии аввали тиббӣ мерасонанд. Дар мактаб бошад, падару модарони хонандагони ба таҳлука афтода, ҳолати бесарусомонию  воҳимаангез ба вуҷуд омад ва  ҳама фарзандонашонро бо мошинҳо ба беморхонаи марказӣ барои ташхис бурданд. Хонандагонро дар ҳуҷраҳо  хобонида, аз ташхиси тиббӣ гузаронданд, аммо ягон намуди аломати бемориро дар онҳо ба мушоҳида нагирифтанд. Тадриҷан ҳолати саломатии кӯдакон беҳ гардида, онҳоро ба хонаҳояшон ҷавоб доданд. Рӯзе, ки мо дар мактаб будем, (11.04.2018) гурӯҳи кории комиссияи тиббӣ бо роҳбарии мутахассиси раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Анварбӣ Сафарова тамоми хонандагону омӯзгорони мактаби мазкурро аз муоинаи тиббӣ мегузарониданд. Тавре  ки Анварбӣ Сафарова ба мо гуфт, айни ҳол ташхиси гузаронидашудаи хонандагон ягон аломатҳои заҳролудшавӣ ва ё бемориҳои сироятиро дар организми хонандагон нишон надодааст. Мавсуф қайд намуд, ки як рӯз пеш бо супориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ И. Камолзода, муовини вазир З. Ширинов ва Булбулшоев, табиби беморхонаи №3-и ш. Душанбе  ба мактаб омада хонандагони беморро аз назар гузаронида ва бо падару модарони онҳо суҳбат намуданд. Ба хулосае омаданд, ки дар хонандагон аломатҳои бемории истерия ва асабсустии кӯдакон мушоҳида карда мешавад. Аммо бо ин хулосаи табибон вазири тандурустӣ  шубҳа намуда, супориш дод, ки аз сари нав хонандагону омӯзгоронро аз муоинаи тиббӣ гузаронанд. Аз санҷиши табибон ҳоло маълум нагардидаст, ки хонандагон ба кадом намуди беморӣ гирифтор шудаанд. Раиси маҳалла Олим Мирзоев мегӯяд, ки фарзандони мо ба ягон беморӣ гирифтор нестанд, онҳо дар мактаби тангу торик мехонанд, шароити одии санитарӣ-гигиенӣ дар мактаб риоя карда намешавад, майдони варзишӣ надоранд, ки ба варзиш машғул шаванд, ана, ҳамааш ҳамин асту халос. Шумо ба раиси ноҳия расонед, ки барои фарзандони деҳаи мо замин ҷудо кунад ва мардуми деҳа ҳама як тан шуда, мактаби нав бо майдончаи варзишӣ барои фарзандонашон месозанд.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш