Бо ибтикори раёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои ҳудуди он амалиёти «Соҳили пок» идома дорад. Як қисми ризокорони шаҳри Хоруғ – хонандагони таълимгоҳҳои шаҳр ва ҷавонон ду тарафи соҳили дарёҳои Ғунду Шоҳдараро, ки аз байни шаҳр мегузаранд, аз партовҳо тоза намуданд.Бештари партовҳо аз зарфҳои пластикӣ ва маводҳои дерҳалшаванда иборат буда, ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ ворид месозанд.
Дар ноҳияи Роштқалъа барои партов қад-қади роҳи мошингузар ва ҷойҳои серодам қуттиҳои махсус ва халтаҳо ҷо дода шудааст.
Амалиёти «Соҳили пок» дар маҳаллаҳои аҳолинишини вилоят дастгирии хуб ёфт.
Ҷ.ҚОЗИБЕКОВ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр