Нашрияи Омӯзгор

Менависам ман суруди сулҳро...

Сана: 2019-05-08        Дида шуд: 769        Шарҳ: 0

«Овози шунавои Мирзо Турсунзода ҳамчун мунодии ҳақиқат ва гуманизм дар бисёр маҷлисгоҳҳо ва толорҳои калони мамлакатҳои ҷаҳон баланд садо дод, ки ин овозро маллоҳони Миср, барзгарони Ҳиндустон, киштисозони Марсел ва моҳидорони Адан шуниданд. Онҳо ӯро медонистанд, асарҳояшро мехонданду дӯсташ медоштанд. Чунин одамон, одамоне мисли Мирзо Турсунзода ҳеҷ гоҳ намемиранд. Онҳо монанди абадият ҳамеша ҳамроҳи инсонҳоянд».

Ин суханони баланду самимӣ ба ходими барҷастаи сиёсату адаби Ҷум-ҳурии Туркманистон Ташлӣ Қурбонов мута-аллиқанд ва ҳамаи мо-тоҷиконро боиси ифтихоранд.

Воқеан ҳам, эҷодиёти рангину ғановатманди Қаҳрамони Тоҷи-кистон, устод Мирзо Турсунзода аз ҳар ҷиҳат шоистаи таваҷҷуҳ ва омӯзиш мебошад. Ҷанбаи тарбиявии осори ӯ хеле қавист ва махсусан, дар тарбияи насли наврас нақши муҳим мебозад. Мо-омӯзгорон имконоти фаровон дорем, ки навиштаҳои ҳикматбору пандомӯзи устодро дар раванди таълиму тарбияи шогирдон ба таври васеъ истифода барем. Дар эҷодиёти устод Турсунзода мавзӯъҳои Ватан ва ватандӯстӣ, тарғиби сулҳу ваҳдат, ситоиши ҳамбастагии халқҳо, накуҳиши ҷангу ҷангҷӯён мавқеи барҷаста доранд. Ин шоири номварро дар арсаи ҷаҳон, пеш аз ҳама, чун қосиди сулҳу дӯстии халқҳо мешиносанд. Шоир дар аксар сурудаҳои худ ба ин мавзӯъ дахолат кардааст. Сатрҳои зер чун маромномаи шоири муқтадир ва оташинсухан садо медиҳанд:

Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,

Бо тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил,

То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон,

Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи рӯи ҷаҳон.

Дӯстони сулҳро то бахшад он илҳоми нав,

Минбари нав, нутқи нав, аз фатҳи нав пайғоми нав.

Шоир бо ҷону дил тарафдори сулҳу осоиш дар саросари ҷаҳон аст ва ҷангҷӯёнро сахт маҳкум мекунаду ҳамагонро барои мубориза бар зидди ҳар гуна аъмоли зиёновар ба аҳли башар даъват менамояд.

Шоир бовари комил дорад, ки сулҳ оқибат дар тамоми сайёра тантана мекунад, кулли одамон дӯстонаву осоишта зиндагӣ менамоянд, ҷангҷӯён маҳв мешаванд:

Сулҳ бо имзои моҳо – мардумони фатҳёб,

Менамояд нақшаҳои ҷангҷӯёнро хароб.

Ғояи инсондӯстӣ дар ашъори Турсунзода дар сатҳи баланд қарор дорад. Ӯ худро як ҷузъи сайёра мешуморад ва бо ғаму шодии ҳама сокинони Замин шарик аст. Шоир худро хушбахт  меҳисобад ва мамнун аст, ки дар кишваре обод ва серу пур зиндагӣ дорад, вале аз он ғамгину ошуфтаҳол мебошад, ки зумрае аз халқҳои олам зиндагии пуразоб доранд, гушнаю ҳақир ва гузашта аз ин, дар зери зулму шиканҷаанд.

Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре,

Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре.

Ин дараҷаи олии башарпарастии тоҷики асил аст, ки диле чунин раҳмпарвар ва пуршафқат дорад! Силсилаи ашъори «Қиссаи Ҳиндустон» саршор аз ғояҳои башардӯстиву сулҳпарварист. Достонҳои устод М.Турсунзода низ дар ситоиши сулҳу ваҳдату дӯстӣ  беҳамтоянд. Аз онҳо дар ҷараёни таълиму тарбияи хонандагон қитъаҳои фаровонеро метавон баргузиду бо ҳадафи дар рӯҳияи башардӯстӣ парваридани онҳо истифода бурд. Ҳатто, дар достони лирикии устод «Ҷони ширин» мавзӯи дӯстии халқҳо ва сулҳ мавқеи намоён дорад. Бисёр гуфтаҳои устод Турсунзода дар васфи дӯстӣ, сулҳ, Ватан, модар... ба шиорҳои ҷовидонӣ табдил ёфтаанд. Чанд намуна:

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Ашъори Мирзо Турсунзода боз ҳам собит месозад, ки аз шеър метавон чун манбаи боэътимоду муассири тарбия мавридшиносона ва ҳадафгарона истифода бурд. Омӯзгорон ва махсусан, роҳбарони синфҳо бояд ин нуктаро ҳамеша дар мадди назар дошта бошанд.

Гулчеҳра МАҲМУДОВА,

мураббии МИММСҶ

ба номи М.Атоев


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш