Нашрияи Омӯзгор

Пешгирии хушунати оилавӣ

Сана: 2019-05-08        Дида шуд: 739        Шарҳ: 0

Чанде пеш  дар ноҳияи Балҷувон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо ҷавонону наврасон, донишҷӯёну хонандагон ва  омӯзгорон вохӯрӣ доир гардид.

Ҷ. Шукуров, намояндаи бахши раёсати маорифи вилоят дар минтақаи Кӯлоб баромад намуда, дар бораи дур мондани хонандагон аз таҳсил, тарбияи ахлоқии хонандагон ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд ҳарф зад. Раиси Ҷамоати деҳоти «Тоҷикистон» Р. Амирхонзода  гуфт: - Дар шароити тезу тунд гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон ва доман паҳн кардани терроризм ва экстремизм ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ободониву бунёдкории Ватани азизамон бояд талош намоем.

 Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш