Нашрияи Омӯзгор

«Офтобак» бештар медурахшад

Сана: 2019-05-08        Дида шуд: 738        Шарҳ: 0

Дар ноҳияи Шаҳритус 7 муассисаи таълимии томактабӣ фаъолияти пурсамар доранд, ки аз ин 2-то муассисаи таълимии томактабии хусусианд.

Муассисаи томактабии «Офтобак» ҳанӯз соли 1965 сохта шудааст.

Ба иттилои мудири муассиса Майрам Азимова боғчаи номбурда  барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 240 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст. Бо дарназардошти зиёдшавии аҳолӣ (ҳоло шумораи аҳолии шаҳраки Шаҳритус ба 12 ҳазор нафар расидааст) барои қабули зиёдтари кӯдакон ва ба таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо тадбирҳои иловагӣ андешида шудааст.

Тайи солҳои 2015-2016 аз ҳисоби маблағҳои захиравии муассиса ва кумаки соҳибкорону волидон 2 бинои таълимии иловагӣ сохта ба истифода дода шуд.  Айни ҳол дар муассиса 340 нафар кӯдакони синни 2-7 сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бо усули ҳашар ва бо дастгирии ҳукумати ноҳия барои кӯдакон ошхонаи наву замонавӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бо вуҷуди ин ҳама, кӯдакон ба ҳавзи оббозӣ, китобхона ва толори мусикӣ эҳтиёҷ доранд.

Шояд дар ояндаи наздик ин мушкилиҳо ҳалли худро ёбанд?

 

Аъзам БОБОЕВ,

рӯзноманигор 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш