Нашрияи Омӯзгор

Шинохти арзишҳо маърифати баланд мехоҳад

Сана: 2019-05-08        Дида шуд: 742        Шарҳ: 0

Шинохт ва қадр намудани арзишҳои башарӣ ва аз ҷумла, арзишҳои динӣ ва миллӣ аз қавму миллатҳо ва ҳам аз шахсиятҳои алоҳида ақлу фаросат ва дониши кофӣ тақозо менамояд. Ба қиммати гавҳар сарфаҳм нарафта, арзиш ва ҷойгоҳи онро дарк кардан ғайриимкон хоҳад буд.

Имрӯз рисолати муқаддаси тарбияти маърифати волои миллат, хосатан, таъмини камолоти маънавии ҷавонон, бештар ба зиммаи мо - аҳли заҳмати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳам вогузор карда шудааст. Бидуни шубҳа, ба вазъияти имрӯзаи рӯҳонию ҷисмонӣ ва ақлонии зумраи назарраси ҷавонони кишвар, мавқеи сиёсии онон, муносибаташон ба равишу ҷараёнҳои мавҷуда ва дар ниҳояти кор, пешравӣ ва шукуфоии Ватани азизамон ба мавқеи пазируфтаи мо - раҳнамоён иртиботи ногусастанӣ дорад. То даме ки маҳз мураббиён, яъне, оила, кӯдакистон, мактаб, аҳли кӯчаю маҳаллаҳо, мактабҳои олӣ, тамоми мақомоти идорию қудратӣ, назоратӣ ва созмонҳои сершумори ҷамъиятӣ  зарурати иҷрои вазифаи аввалиндараҷаи хештан - баланд бардоштани маърифати мардум, боз намудани чашми ақлу фаросати миллатро ба пуррагӣ дарк насозанд, ин муамморо ҳал кардан ва хурду калони ҷомеаро ба роҳи дуруст ҳидоят намудан ғайриимкон хоҳад буд.

Яке аз беҳтарин донандагони таърих ва асолати дини Ислом, сархатиби масҷиди вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода дар як мақолаи хеш бо номи  “Дин ва арзишҳои миллӣ”  ба хулосаи ниҳоят  дақиқ расида, зикр доштаанд, ки одамонро умумиятҳои бузурге, амсоли миллат, мазҳаб, дин ва одамият муттаҳид ва агар зарур ояд, ба ҷониби ҳадафҳои мушаххас сафарбар карда метавонанд. Сад дар сад ба ин андеша мувофиқ ҳастам ва сари вақт илова кардан мехоҳам, ки ин вазифаи хайру муҳимро бо шиоргӯиҳо не, балки бо амали мушаххасу созанда ва ҷаҳду ҷадали бошууронаи ҳар узви ҷомеа ба сомон расонидан мумкин асту бас. Воқеан, пӯшида нест, ки кулли арзишҳои башарӣ байни ҳамдигар дар пайвандии доимӣ қарор гирифтаанд (табиист, ки ин рабту алоқаҳо мусбат ва ё манфӣ  буда метавонанд) ва онҳоро дар ҷудоӣ аз якдигар баррасӣ намудан ва такмил бахшидан номумкин аст. Аз ин рӯ, барои он ки ҷавонони мо ба моҳияти ҳувияти миллӣ бирасанд, дар рӯҳияи баланди меҳанпарастӣ камол  ёбанд, онҳоро дар тамоми зинаҳои таълиму тарбия ба таври шоиста ва дар асоси барномаҳои мушаххас сабақ бахшиданамон фарз аст.

Фазои тарбият ва тадрисро дар ягон ҷой лаҳзае холӣ мондан дуруст нахоҳад буд, зеро душманони миллати кӯҳан ва  давлати ҷавони мо ҳамеша дар камингоҳҳои пурдасисаи хештан дар вазъи омодабош қарор гирифтаанд ва ҳама гуна холигоҳро дар дилу майнаҳои мардону занон ва хусусан, насли навраси раҳгумзада ва ҷӯяндаи роҳҳои зиндагӣ таъҷилан бо таклифу пешниҳодоти ифротгароёна пур мекунанд. Бояд ҳамеша дар хотир дошт: ҳар ҷавоне, ки аз мадди назари мураббиёну раҳнамоёни хайрандеш барканор бимонад, ногузир ба доми душманони миллату давлат гирифтор мешавад. Дар ҳар муассисаи таълимию тарбиявӣ тамоми тадбирҳоро ҷустану амалӣ сохтан зарур аст, ки ҳар фард, бахусус, ҷавонони ятиму бепарастор ва ба истилоҳ насли навраси тарбияташон душвор бо эътибору таваҷҷуҳи доимӣ фаро гирифта шаванд. Фаромӯш карданамон лозим нест, ки паҳнкунандагони ғояҳои террористию ифротгароӣ, дар навбати аввал, назари тамаъҷӯёнаи худро маҳз ба ин қишри нисбатан сироятпазири ҷомеа равона мекунанд. Дар ёд доштан лозим аст, ки душманони маккор ба таҳкурсии давлатдорӣ, дину мазҳабдорӣ ва албатта, ба пояи ватандории миллатҳо тавассути ҳамин зумраи беназорат ва аз ҷомеа дурмонда  тавассути ба гурӯҳҳои террористию ифротӣ бо пулҳои бедардимиён ва маводи мухаддир фаро гирифтани эшон зарбаҳои ҷонкоҳу ҳалокатбор мезананд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2018) изҳор доштанд, ки авзои сиёсии сайёра басе ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст. “Таъкид менамоям, ки вазъи сайёра дар ду- се соли оянда боз ҳам мураккаб мешавад,- ҳамагонро ҳушдор доданд Раҳнамои миллат. - Ин вазъият самаранокии мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосирро, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва талошҳои муштараки ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро тақозо менамояд, коҳиш дода, баръакс боиси пуштибонӣ ёфтани гурӯҳҳои террористиву ифротгаро мегардад”.

Бешубҳа, терроризм ва ифротгароӣ ватану миллат надорад. Ба пайдоишу ташаккул ва ҳарчӣ бештар паҳн шудани ин вабои пурдаҳшати аср заифии ҳувияти миллӣ, дар пояи шоиста қарор надоштани эҳсоси ватанпарастии аҳли мамлакат, бахусус, насли ҷавону ояндасоз, беғамию бетарафии ашхосу созмонҳои масъул сабаб мегарданд. Ба авҷ гирифтани терроризм ва ифротгароӣ айбдор донистани дину мазҳабҳои алоҳида асосе нахоҳад дошт. Нуктае мусаллам аст, ки ин зуҳуроти номатлуб дар он куҷое ба мисоли заҳрпечак неш зада, фавран реша меронанд, ки сатҳи маърифати мардуми минтақа паст бошад ва ё ба ҳавои бепарвоӣ ва бедардӣ гирифтор шуда бошанд.

Ин даъворо рӯйдодҳои мудҳиши даврони ахир дар Зеландияи Нав ва Ҳолландия ба хубӣ собит намуданд. Дасисаангезони ғарбӣ ҷомеаи ҷаҳониро бовар кунониданӣ мешуданд, ки терроризм ва ифротгароӣ хоси дини Ислом ва мардуми мусалмон мебошад. Онҳо ҳамдинони моро муттаҳам карданӣ мешуданд, ки гӯё қисмати назарраси исломиён аз маърифат дуранд, гӯё маҳз Ислом рехтани хуни бегуноҳон ва қувват бахшидани амалҳои ифротгароёнаро тарғибу пуштибонӣ менамояд. Воқеаи хунини масҷиди яке аз оромтарини шаҳрҳои  Зеландияи Нав далолат ба он намуд, ки даҳшатафкании пайравони дини насронӣ ба маротиб аз кушторҳои ба ном “мусалмонон” пурқувваттар ва бераҳмонатар аст. Дар ҷанги идеологӣ неруҳои иртиҷоӣ бештар аз дину оин ва аз мавқеи ҷойгиршавии минтақаҳо не, балки аз бемавқеӣ ва бетарафии одамон, ки ағлабашонро ҷавонон ташкил медиҳанд, устокорона ва аксаран бо неруи пул истифода мебаранд. Рӯзгорони мо мисолҳоеро ҳам медонад, ки теъдоди аниқи террористон аз номи ҳам дини Ислом ва ҳам динҳои дигар амалҳои хунин ба ҷо овардаанду меоранд.

Агар мо андешаи  миллиро пойдор ва муқаддасоти онро устувор нигаҳ дорем, муътақид ҳастам, ки саодати миллати азизамон бардавом, кишвари ҷоноҷонамон обод ва мардуми тамаддунофарамон сарбаланд хоҳанд шуд.       

 

Шарифзода

Муъмин Машокир,

ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон,  доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш