Аз 2500 нафар фиристодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷанг ду ҷанговари шуҷоъ зиндаю саломат мондаанд, - мегӯяд раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Маҳмаднасим Гавҳаров.
Дар иди пуршаъну шарафи 74 – солагии Ғалаба дар маркази вилоят аз номи ҳамяроқони гузашта ҷанговарон Додихудо Солеҳов аз ноҳияи Дарвоз ва Сафар Сайфов аз ноҳияи Ишкошим ширкат хоҳанд кард.
Ҳафт нафар иштирокчии ҳодисаҳои Венгрия аз вилоят ба мақоми иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ баробар карда шудаанд.
Имсол чун ҳарвақта дар муассисаҳои таълимӣ бо собиқадорони ҷангу меҳнат вохӯрию мулоқотҳо доир шуда, аз ҷониби сокинон ва хонандагон оромгоҳҳо ба тартиб дароварда шуда, гулгузорӣ мешаванд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр