Кормандони қисми мустақили 16-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Хоруғ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр бо мақсади тарғибу ташвиқи риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар байни мактаббачагон озмуни «Расм, ихтироот ва тасвир» - и беҳтарини кӯдакона гузарониданд.
Нозири ҚМ 16-уми ҲХДО-и шаҳр У. Қосимбекзода хабар дод, ки омӯзишу воҳӯриҳои доимӣ бо толибилмон имкон дод, ки талабагон дар кашидани расмҳо, ихтироъ ва ҳимояи дастэҷоди худ бе ягон мушкилӣ баромадаанд.
Иштирокдорони озмун бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Ҷ.ҚОЗИБЕКОВ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр