Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва кушодашавии расмии моҳвораи ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ таҳти унвони “Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат” бо иштироки устодону донишҷӯён ва меҳмонон баргузор гардид.
Сараввал, ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода зикр дошт, ки ба шарофати соҳибистиқлолии кишварамон тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рӯ ба тараққӣ ниҳода, таваҷҷуҳу дастгирии Ҳукумати мамлакат, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон сол аз сол афзун мегардад. Зикр гардид, ки ин чорабинии бошукӯҳ маҳз ба хотири сарҷамъиву тифоқии ҷавонон ташкил карда шудааст.
Дар идома сардори раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримов, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ва дигарон баромад намуда, тамоми ҷавонону донишҷӯёни донишгоҳро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфтанд. Донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ дар суханрониҳои худ аз дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии давлату ҳукумат ва раҳбарияти донишгоҳ изҳори сипос карданд.
Дар қисмати дувуми чорабинӣ барои болидахотирии аҳли нишаст таронаву рақсҳои дилнишин аз ҷониби сарояндагони маҳбуби вилоят - Субҳиддини Раҷабзод, Шуҳрати Расул ва дастаҳои ҳунарии «Ошёни меҳр», «Парвози истеъдод» ва гурӯҳи рақсии «Хушхиром» пешкаш гардид ва донишҷӯёну устодон то дергоҳ шодмонӣ карданд.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр