Нашрияи Омӯзгор

Неруи маърифатбахши шеър

Сана: 0000-00-00        Дида шуд: 766        Шарҳ: 0

Дар раванди таълим омӯзгор метавонад аз ҳикоя, шеър, чистон, зарбулмасал, инчунин, нақшофарӣ васеъ истифода барад.

Дар зер шеъри «Хорпушт ва санҷоб» -ро аз китоби «Боғи шамол»-и М.Неъматзода барои хониш ва бо мақсади мазмун, симоҳо ва фикри асосии матнро муайян кардан намуна меорем.

Ба хонандагон варақаҳо бо матни шеър тақсим карда мешаванд. Пас аз хондани шеър омӯзгор калимаҳои навро таҳлил менамояд (рӯд - дарё, ғелида - дароз кашидан, мебозам - бозӣ мекунам).  Аз хонандагон  хоҳиш менамоем, ки шеърро хомӯшона хонанд ва ба саволҳои зерин  ҷавоб гардонанд:

1) Санҷобак чиро дид?

2) Ба Хорпушт чӣ гуфт?

3) Хорпушт чӣ ҷавоб дод?

4) Оё Хорпушт дуруст кард, ки аз пайи кори худ шуд?

Бо мақсади он ки матни шеър бо расм тақвият дода шавад, аз хонандагон хоҳиш менамоем, ки мисраъҳои шеърро бо сужети расм мувофиқ гузоранд. Яъне,  гӯянд, ки ин суханон ба кадом персонаж тааллуқ доранд. Якҷоя ва  фаъолона симоҳои матнро муҳокима намудан ва иштирок дар навиштани мисраъҳои шеър шавқу масъулияти хонандагонро баланд мебардоранд. Бо ин мақсад хонандагонро ба чор гурӯҳ ҷудо менамоем. Ҳар як гурӯҳ аз номи симоҳои матн ҷавоб мегӯянд.

Хорпушт ва Санҷоб

Гурӯҳи 1

Дар пушт халтаи дон

Хорпуштаке буд равон,

Санҷобаке ӯро дид,

Шодон ба сӯяш давид.

Гурӯҳи 2

Гуфто: «Рафтем, ҷӯраҷон

Назди рӯди Зарафшон.

Ғелида дар офтоб,

Худро диҳем обутоб.»

Гурӯҳи 3

Гуфт Хорпушти пурзаҳмат:

«Ку вақти истироҳат?

Чанде дар тан хорам ҳаст,

Ҳамон қадар корам ҳаст».

Гурӯҳи 4.

Ханда заду гуфт Санҷоб:

«Кор доштаӣ беҳисоб,

Хорпуштаки меҳрубон,

Бирав, зи корат намон.

Чӣ хуб, ки ман Санҷобам,

Гаҳ мебозам, гаҳ хобам.

На дар пуштам хор дорам,

На тоқати кор дорам.»

Ҳангоми  бо овози баланд хондан аз оҳанг ва имову ишораи мувофиқ ба Хорпушт ва Санҷоб истифода мебарем, чунки ин фаъолият хонандагонро ба матн ва дарки маънии он равона месозад. Аз рӯйи мазмун саҳнача, расмкашӣ ва дигар навъи воситаи санъату меҳнатро истифода мебарем, зеро ин фаъолиятҳо хонандаро ба симоҳои матн наздик менамоянд.

Баъд аз хушҳолиҳои зиёд хонандагон дар «Рӯзномаи хониш» ному насаби муаллиф, симоҳои матн, фикри асосӣ, лаҳзаҳои ҷолиб ё дилгирро сабт менамоянд.

 

 Зуҳро АТОЕВА, 

омӯзгори синфҳои ибтидоии литсей – интернати Президентӣ                                                                                    барои кӯдакони болаёқати

Ҷумҳури Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш