Нашрияи Омӯзгор

Проектор дар муассисаҳои таълимӣ

Сана: 2019-05-08        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Таҷҳизонидани синфхонаҳо бо воситаҳои техникӣ амали муҳим аст. Вобаста ба ин, барои интихоби проектори мактабӣ баъзе маслиҳатҳо пешниҳод мекунем.

Аз проектори ЗLCD (Liquid Crystal Disр1ау - дисплейи кристаллии моеъ), дар муассисаҳои таълими истифода намудан муфид аст. ЗLCD барои он муфид аст, ки дар асоси 3 ранги марказӣ (сурх, кабуд, сабз) дигар рангҳоро сифатнок нишон медиҳад.

Дар вақти интихоб намудани проектори мактаб ба чӣ диққат додан лозим аст? Яке аз талаботи муҳим - равшании тасвир (бузургии сели рӯшноӣ) бо воҳиди люменӣ (ЛМ) чен карда мешавад. Чунин тартиб дар ҳамаи проекторҳо истифодашаванда аст, зеро ҳар қадар сели рӯшноӣ баланд бошад, ҳамон қадар қобилияти намоишдиҳии проектор афзун мешавад. Ҳатто дар синфҳои равшан низ бе пардаҳои ториккунанда хуб кор кардан мумкин аст.

Дар муассисаҳои таълимӣ истифодаи проекторҳои сели рӯшноии 1800 (ЛМ) бо диапазони 2000 - 3000 (ЛМ) тавсия дода мешавад.

Тасвир мутобиқи табиати худ ба воситаи проектор амалӣ мешавад. Проектор барои чашм нисбат ба тамошои оинаи нилгун ва монитори компютер безарар аст. Ба инобат гирифтан зарур аст, ки танҳо воситаҳои техникии 3LCD ба чашми хонандагон бетаъсиранд.

Бартарии 3LCD аз он иборат аст, ки тамоми рангҳои асосиро якбора ба экран сифатнок тасвир мекунад. Ин барои мағзи сари инсон безарар аст, хонанда тез монда намешавад.

Дар фурӯш проекторҳое ҳастанд, ки рангҳои асосиро на он қадар сифатнок тасвир мекунанд. Аз ин сабаб, ҳангоми интихоб ва харидорӣ намудани проекторҳо ба он диққат додан лозим аст, ки проектор дар асоси кадом технология сохта шудааст. Иттилоот дар бораи асосҳои техникии проектор дар дастури он навишта шудааст. Ҳангоми харидорӣ ба дастур диққат додан зарур аст.

Маълум аст, ки проекторҳои мактабӣ бояд рангҳои асосиро ҳангоми намоиш додани филмҳои таълимӣ, расмҳо, тасвирҳо нақшаҳо ва дигар иттилооти зарурӣ сифатнок тасвир кунанд. Айни замон баъзе истеҳсолкунандагони проекторҳои 3LCD, аз ҷумла, ЕРSOМ ва S0NY тасвирҳои замонавии (сели рӯшноӣ) беҳтарро ба вуҷуд оварда истодаанд.

Агар проектори сели рӯшноӣ хосияти муқаррарӣ дошта, фақат ранги сафедро нишон диҳад, проектори ранга қобилияти нишон додани 3 ранги асосӣ (сурх, кабуд, сабз)-ро дорост.

Бартарии проектори ранга нисбат ба проектори муқаррарӣ аз он иборат аст, ки проектори рангаи дисплейи кристалии моеъ дошта, кафолати тасвири хубро дар экран дода метавонад.

Тахтаи ҳамфаъолӣ (интерактивӣ)

Кори якҷояи проектор бо тахтаи интерактивӣ барои ташкил намудани синфхонаи ҳозиразамони чандрасонаӣ (мултимедиа)зарур аст. Проектор бо дигар воситаҳои техникӣ, масалан, тахтаи интерактивӣ якҷоя ба кор дароварда мешавад. Чунин тартиби кор имкон медиҳад, ки дар ҳудуди 30% масоҳати экран калон шуда, иттилоотро барои хонандагон хуб дастрас кунад. Хушоянд аст, ки қисми зиёди проекторҳои ҳозиразамон дар худ имконияти нишон додани тасвир бо овозро доранд. Аз ин рӯ, хонандагон филмҳои таълимиро бо овоз тамошо мекунанд.

Баробари истифодаи проектори мактабӣ риояи қоидаи бехатарии нигаҳдории он зарур аст. Барои амалӣ намудани ин мақсад дар проектори мактабӣ қисми муҳофизаткунанда ҷойгир мебошад. Барои ин ҳангоми харидорӣ ба он диққат бояд дод, ки ҷойи пайвасткунӣ бо қулфи махсуси оҳанин насб ҳаст ё не?

Проекторҳои махсуси таълимие ҳастанд, ки дар онҳо ягон тугмача дида намешавад, танҳо бо воситаи пулт кор мекунанд. Дар сурати пинҳон кардани пулт проектор аз хавфи дуздӣ эмин мемонад.

Исбот шудааст, ки дар замони пешрафти илму техника танҳо ба тахтаи сиёҳи синфӣ ва бӯри сафед такя намудан дигар манфиатбахш нест. Дар асри инкишофи барқосои илму техника ҷойи ашёи номбаршударо проекторҳои таълимие, ки барои омӯзгорон имкониятҳои нав ба нави таълимӣ, барои хонандагон дониши фаровон тавассути бозиҳои мароқовар ва ҳаяҷонбахш фароҳам меоранд, таълим менамоянд.

Саидҷаъфар Маҳмадов,

омӯзгори технологияи иттилоотӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш