Нашрияи Омӯзгор

Тарбияи мутахассисони ҷавон

Сана: 2019-05-08        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Дар мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ якчанд мутахассиси ҷавон ба ҳайси омӯзгор фаъолият доранд. Лозим ба таъкид аст, ки дар ин таълимгоҳ хонандагон аз оилаҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Ҳангоми кор мо бо ҳолатҳои гуногун, аз қабили муваффақиятҳо, баъзе нокомиҳо ва амсоли инҳо дучор меоем. Фикр дорам, ин як амри табиист. Бештари навомӯзон аз ибтидо метавонанд бо баъзе тафсилоти корӣ мувоҷеҳ шаванд. Пас, суоле ба миён меояд, ки чӣ бояд кард, то мушкилиҳои пайдошуда роҳҳои рафъи худро ёбанд, Ба андешаи мо, пеш аз ҳама, мебояд шавқу рағбати толибилмонро нисбат ба фанне, ки аз он дарс мегӯянд, ҷоннок намуд ва назорати раванди таълиму тарбияро дар синф пурра ба уҳда гирифт. Омӯзгор, пеш аз ҳама, бояд дар мактаб ва бахусус, дар синфи худ муносибати дӯстонаро миёни шогирдон нигоҳ дорад. Ба ҳар дарс омодагии хуб дида, ба шогирдон мавзӯъро мукаммал ва ҷолиб фаҳмонида тавонад. Ҳамчунин мунтазам донишу ҷаҳонбинии худро такмил диҳад.

Бархе аз мутахассисони ҷавон мекӯшанд, ки якбора ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд, аммо баҳри омӯхтани таҷрибаи хуби педагогӣ фурсати андак як рӯз натиҷабахш нест, таҷрибаи калон тӯли солҳо ҳосил мешавад. Баъзан омилҳои саривақт дастрас карда натавонистани адабиёти раҳнамои таълимию методӣ, кам будани маҳорату малакаи педагогӣ, надонистани психологияи умумӣ ва синнусолии толибилмон, инчунин, омода набудан ба раванди машғулиятҳо баъзе ҷавономӯзгоронро сарддил мекунад ва аз ин боис баъзеи онҳо азми тарки вазифаи пуршарафи омӯзгорӣ мекунанд.

Бояд ёдовар шуд, ки солҳои охир раванди корҳои таълимию тарбиявӣ бо дарназардошти истифодаи адабиёти зарурии соҳа беҳтар шуда истодааст. Дастурҳои тавсиявии зиёде ба нашр расидаанд. Аз шабакаи интернет ҳам метавонем баъзе маводи заруриро даст-рас намоем. Дар чунин дастурҳои фоидабахш масоили марбут ба тарзи ҳуҷҷатнигорӣ, омодагӣ ба дарс, ҷалб намудани хонандагон ба донишомӯзӣ, одоби муошират, роҳҳои пешгирии корҳои ношоиста миёни ноболиғон ва ғайра мухтасар ва пурмазмун шарҳ дода шудаанд. Бинобар ин, аз рӯзҳои аввал баҳри навкорон мутолиаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳавӣ ва адабиёти методӣ бобати корбарӣ таъсири муфид дорад. Дар муассисаи мо навомӯзон бештар ба тарбияи ҳуқуқию маънавӣ, такмили илмияту ҷаҳоншиносӣ ва усулҳои корбарии худ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Барои устодон ҳадафи асосӣ тарбияи шогирдон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва донишу касбомӯзии онҳо мебошад. Корҳоеро, ки мураккабтаранд, ба мутахассисони камтаҷриба вобаста ба уҳдабароии онҳо вогузор мекунем. Дар чунин ҳолатҳо шогирдони муаллимони навкор аз назорат дур намемонанд. Ғайр аз иштирок ба дарсҳои ҳамдигар, мо ҳатман бо иштироки мутахассисони ҷавон ташкили чорабиниҳои омӯзишии видеоиро зарур медонем. Дарсҳои кушоди видеоии омӯзгорони моҳир, ки дар онҳо лаҳзаҳои дарсӣ оварда шудаанд, баҳри навкорон манфиатовар аст. Ҳангоми омӯхтани чунин дарсҳо метавонем зуд лаҳзаҳои заруриро аз худ намуда, ин лаҳзаҳоро дар рафти машғулиятҳои худ амалӣ созем. Бояд гуфт, ки бо иштироки омӯзгорони ҷавон ва психологи мактабӣ низ ҷаласаҳои синфии волидон доир мегарданд. Аз ин раванд мутахассиси ҷавон метавонад нозукиҳои корро бо волидони хонандагон омӯзад.

Ҷасур КОМИЛОВ,

муовини директори мактаб -

интернати миёнаи махсуси мусиқии  ҷумҳуриявӣ

ба номи З. Шаҳидӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш