Нашрияи Омӯзгор

Сабақи таърих

Сана: 2019-05-08        Дида шуд: 743        Шарҳ: 0

Насли имрӯз дар бораи Ҷанги дуюми ҷаҳон аз китобҳо, аз филмҳо огаҳӣ пайдо мекунанд. Имрӯз ба вохӯрӣ бо муҳассилин иштирокчиёни ҷанг не, балки онҳое меоянд, ки падарону бобоҳояшон ҷангида буданд, ё нафароне меоянд, ки даврони кӯдакиву наврасиашон дар ин давраи мушкил гузаштааст ва ҳанӯз талхии он рӯзҳоро фаромӯш накардаанд.

Дигар ин рӯзҳо хотираанд, хотирае, ки аз саҳфаи китоб ва навори филмҳо пайдояшон мекунед.

Чӣ бояд кард, то насли имрӯз ин воқеаи таърихиро ба кунҷи фаромӯшӣ насупоранд?

Чун дар бораи ҷанги солҳои 1941-1945 сухан оғоз гардад, ман ба шогирдонам каме дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ, сабабҳои рух задани он ва омилҳое, ки пеши роҳи ин ҳама даҳшату фоҷиаро гирифтанд ва кишварамонро ба низому эътидол оварданд, маълумот медиҳам. Барои пурратар фаҳмондани ин мавзӯъ аз аксҳо ва наворҳое, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас мекунам истифода мебарам. Имрӯз наврасону ҷавонони мо имконияти хуби аз ин воситаҳо истифода бурданро доранд. Моро танҳо лозим аст, ки онҳоро роҳнамоӣ кунем, то аз ин баҳри беканори иттилоот маводеро дастрас кунанд, маълумотеро пайдо кунанд, ки барояшон манфиатбахш бошад.

Таърих худ гувоҳ аст, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ҳаёти халқи Шӯравӣ озмоиши сахттарин буд. Ин ҷанг дар таърихи инсоният бузургтарин муҳорибаи мусаллаҳона маҳсуб мешавад. Баҳори соли 1945 фашистон дар лонаи худашон ҳамчун калхотҳои лошахӯр саркӯб карда шуданд.

Ин ғалаба ба мардуми Шӯравӣ ба осонӣ ба даст наомад, он бар ивази ҷонбозиҳои сарбозони шуҷоъ ва диловар, бар ивази садҳо шаҳру деҳоти валангоршуда, қурбониҳои бешумор муяссар шуд. Чӣ қадар модарон аз фарзандонашон, чӣ қадар занон аз шавҳаронашон, чӣ қадар фарзандон аз волидонашон маҳрум гаштанд. Ин дард аз дилҳои мардуми ин сарзамин ҳаргиз намеравад, ин даҳшат аз хотираҳо зудуда намешавад.

Ғалабаи Артиши шӯравӣ дар ҷанги дуюми ҷаҳон барои аҳли башар сабақи ҷиддӣ дод. Маҳз ваҳдату ягонагӣ ва ҳамдилии халқи шӯравӣ ғалабаро дар ин ҷанг таъмин намуд. Аз ин рӯ, мо муваззафем, ки ин сабақи таърихро фаромӯш накунем ва аз он панд бигирем. Агар мо ба гузаштаи худ эҳтиром нагузорем, ояндаи дурахшонро наметавонем бунёд кунем, агар гузаштаро надонем, оянда бароямон норавшан мемонад. Аз ҳамин хотир, бояд насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва миллатдӯстӣ тарбия намоем.

Маҳқула ЁРОВА,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш