Нашрияи Омӯзгор

Ҷонфидоён

Сана: 2019-05-08        Дида шуд: 754        Шарҳ: 0

Ҳарчанд  Тоҷикистон аз хатти Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дур буд, фарзандони зиёди халқи тоҷик ба ҷанг рафта, корнамоиҳои бемислу монанд нишон додаанд.

Шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ дар шеъри «Ба Ватан» изҳор кардааст, ки тайёр аст  ҷонашро дар роҳи Ватан нисор намояд:

Ман на танҳо дил, тану ҷон ҳам фидоят

мекунам,

То шавам чун қаҳрамонони ту ман ҳам қаҳрамон.

Даҳҳо диловарони тоҷик дар набардҳои шадиди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ иштирок кардаанд.  Дар ҷабҳаҳои ин ҷанг зиёда аз 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иштирок намуда, 54 нафарашон ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор гаштаанд. 18 нафар дорандаи ордени «Шараф» мебошанд. 34 ҳазор нафар бо ордену  медалҳои гуногуни ИҶШС мукофотонида шуданд. Воқеан ҳам:

Ҳар кӣ бо меҳру вафо бар халқ хидмат мекунад,

Номи худро сархати девони миллат мекунад.

Корнамоиҳои беназири Исмоил Ҳамзаалиев, Домулло Азизов, Ҳодӣ Кенҷаев, Неъмат Қарабоев, Сафар Амиршоев, Саидқул Турдиев, Чутак Ӯрозов ва дигарон дар саҳифаи сабзи таърихи Ватан сабт гаштааст. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ занони тоҷик низ иштирок кардаанд: Ойгул  Муҳаммадҷонова, ки лётчики ҳавопаймои бомбаандози шабпарвоз буд, 93 парвози ҷангӣ анҷом дода, бо ордени «Шараф» сарфароз гардонида шуд.

Дар солҳои 1941-1945 тоҷикон дар ҳаракатҳои партизанӣ ҳам иштирок намудаанд. Онҳо аксаран дар ибтидои ҷанг   аз муҳосира баромада натавониста, аз лагерҳои фашистӣ гурехта, ба дастаҳои партизанӣ шомил шудаанд. Номи тоҷиконро дар рӯйхати 53 амали партизанӣ дучор шудан мумкин аст. Раҳмат Қаландаров,  Хӯҷа Азимов,  Ашӯр Арбобов, Зариф Мирзораҳимов, Мадалӣ Дӯстматов, Ашӯрбой Раҷабов, Умарҷон Олимҷонов, Малик Назаров, Қулӣ  Бозоров дар ҳаракатҳои партизанӣ фаъолона иштирок намуда, бо орденҳо мукофотонида шудаанд. Тоҷикон дар муҳорибаҳои Сталинград (1942-1943), Курск (1943), Ленинград (1944), Днепр (1943) иштирок намуда, қаҳрамонона ҷангиданд ва аксарияти онҳо дар ин муҳорибаҳои шадид  ҷони худро фидо кардаанд.

 

Ҳиламоҳ  НУРОВА,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш