Деҳаи Миденшарв дар баландие ҷой гирифтааст. Он солҳо ҳамагӣ 12 буна дошт. Хабари шуми ҳуҷуми аҳдшиканонаи Германияи фашистӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳамаи гӯшаю канори кишвар барқсон паҳн шуд.
Субҳи як рӯз хаткашон Раҳим аз комиссариати ҳарбӣ ба номи ҷавонони навхати деҳа Тилло Абдураҳмонзода, Риҷаб Шобойзода, Лутфишоҳ Ғуломшоҳзода, Нуруллобек Қишқорзода даъватнома овард. Ришсафедони деҳа ба ҳар яки онҳо баҳри ҳифзи хоки Ватан дуои хайр доданд. Моҳи октябри соли 1943 ба исми Имомбердӣ Худобердизодаю Мирзовафо Аламшоҳзода ҳам даъватнома омад. Имомбердиро бо сабаби парастории мӯйсафед Убайдуллоҳ, ки синнаш ба ҷое расидааст, аз хизмат ҷавоб доданд. Солҳои ҷанг паси сар шуданд. Халқи заҳматкаш шабу рӯз нимгуруснаву нимбараҳна дар саҳроҳои колхозӣ баҳри ғалабаю рӯзгори хеш заҳмат кашиданд, зеро фронт фронти меҳнатӣ ҳам буд. Ниҳоят 8-уми майи соли 1945 дар Карлехорсти наздикии Берлин ба акти бечунучарои таслимшавии Германия имзо гузошта шуд. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба итмом расид.
Аз фарзандони ба ҷанг рафтаи деҳа ягон хату хабар наомад. Бо супориши мақомоти болоии ноҳия ба хотири рӯҳафтода нашудани мардум чанд номаи сиёҳи аз фронт омадаро махфӣ нигоҳ медоштаанд. Дар як рӯзи тобистон гурӯҳи одамони низомипӯш ба деҳа омада, ба хонаи Лутфишоҳу Нуруллобек, Тиллою Риҷаб ва Гулбердӣ даромада, ба волидонашон аз боби ҷоннисории фарзандони шуҷои Ватан хабар доданд. Қиёмат шуд. Ба номи шаҳидон расму русуми «Чароғравшан»-ро анҷом доданд. Аммо аз Мирзовафои ҷавон хату хабаре набуд.
Сифатмоҳ ягона писараш Мирзовафоро бо қалби поку нияти хайр ба ҷабҳаи набард гусел карда буд. Овозаи ҳалимиву хоксорӣ ва меҳрубонии Сифат-моҳ аз ҳудуди ноҳия берун рафта буд. Ӯ табиби ҳозиқи халқӣ ҳам буд. Шикасту банд, гулаку нағзак, зардпарвину касалиҳои пӯст ва дигар маризҳоро табобат мекард. Маризон дар ҳаққаш дуои хайру баракат мекарданд.
Дар яке аз рӯзҳо зиндаю саломат омадани фарзандашро ба модар хабар медиҳанд. Мегӯянд, бо тамкин рӯ ҷониби само карда, ба Худованд шукргузорӣ мекунад ва ба ҳаққу ҳамсоягон арз мекунад, ки аз Худованд умеду армони калон доштам, ки фарзандам зиндаву саломат аз домани оташи ҷанг ба пешам баргардад.
Мирзовафо Аламшоҳзода рӯзи мубораки ғалабаро дар шаҳри Москва истиқбол кард. Аз ҳафт ҷавони ба майдони набард рафта танҳо Мирзовафо бо ордену медалҳои зиёде ба зодгоҳ баргашт. Ҷанговари дар кураи оташини ҷанг обутобёфтаро муаллими фанни тайёрии ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ таъйин намуданд.
Омӯзгори мушфиқ, мураббӣ, падари дувоздаҳ фарзанди соҳибмаълумоту соҳибкасб зиндагии баъдиҷангиро низ бо камоли баланди инсонӣ сомон дод. Ба қавле, дар маъракаҳо гули сари сабад буд.
Шогирдону зиёиёни ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакар хизматҳои арзандаи Мирзовафо Аламшоҳзодаро ба назар гирифта, ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа ва ВМКБ дархост пешниҳод намуданд, ки мактаби деҳа, ки муаллим чандин сол ба фарзандони меҳнаткаш аз фании ҷасорату мардонагӣ таълим додаанд, ба номаш гузошта шавад. Ин иқдоми хайр аз ҷониби мақомоти ду ноҳия бо камоли эҳтиром дастгирӣ ёфт ва мактаби №17-и зодгоҳаш ба номи мубораки ҷанговар ва омӯзгори асил Мирзовафо Аламшоҳзода гузошта шуд.
Ҷ. ҚОЗИБЕКОВ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр