Нашрияи Омӯзгор

Садоқат ба Ватан

Сана: 2019-05-08        Дида шуд: 744        Шарҳ: 0

Таҷлили ҷашнҳо дар мактабҳо ҳам ҷанбаи ифтихорию тафреҳӣ дорад ва ҳам ҷиҳати маърифатию тарбиявӣ. Иди зафар (9 май) аз он ҷумла аст. Мегӯянд, ки бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ баъзе ҷашну маросими марбут ба сиёсату муқаррароти ин собиқ давлати бапаҳно низ моҳияти худро гум карданд.

Шояд ин нукта ба баъзе ҷашнҳо ё анъанаҳо созгор бошад, вале аз ин байн ҷашни Ғалаба (Иди зафар) истисност. Ҳамеша дар мадди назар бояд дошт, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳазорон ҳазор тоҷикистонӣ ширкат варзида, корнамоиҳо карданд ва теъдоде ҷон нисор намуданд. Дар худи Тоҷикистон ҳамчун дар ақибгоҳ халқи матиниродаи тоҷик-пиру ҷавон барои таъмини ғалаба зарбдорона, ҷоннисорона, шабурӯз заҳмат кашиданд. Таҷлили Ҷашни Ғалаба посдории шуҷоату матонат ва номи неки он ҳама алоқамандони ҳаводиси Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз кишварамон низ мебошад. Аз ҷониби дигар, Ҷашни Ғалаба маънои поксозии замини муқаддас аз ҳастии манфури деви башаркуш ва бешафақ-фашизми гитлериро дорад. Ин ҷанг, ки дар таърих яке аз ҳодисаҳои беназир буд, дар қатори дигар омилҳо ба рамзи заволнопазирии дӯстии халқҳо, бартарии ҳақиқат, беоқибатии разолату ҷаҳолат табдил ёфт. Аз ин рӯ, Ҷашни Ғалаба дар мактабҳо бояд дар сатҳи баланд таҷлил гардад. Дар рафти тайёрӣ ба ин ҷашн чунин корҳо бояд анҷом дода шаванд: хонандагон дар бораи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва қаҳрамонони он китобҳо хонанд, мақолаҳо дастрас намоянд, шеъру сурудҳои нав азёд бикунанд, хотираҳои собиқ иштирокдорони ҷанг ва дӯстону пайвандони онҳоро навишта бигиранд, филмҳои бадеии ҳуҷҷаттии марбут ба Ҷанги дуюми ҷаҳониро батакрор тамошо бинамоянд, дар мавзӯи ҷанг таҳти унвони умумии  «Онҳо Ватанро ҳифз намуданд» иншои озод нависанд, бо намояндагони ақибгоҳи ҷанг вохӯриҳо баргузор созанд, ба аёдати собиқадорони айёми ҷанг бираванд, доир ба мавзӯъҳои «Он ҷангро дар таърих ҳамто набуд», «Ақибгоҳ – арсаи нангу номус», «Қаҳрамонон – ҳамдиёрони мо»... конфронсҳо ташкил бикунанд ва амсоли инҳо. Ҳамчунин, ба ин муносибат баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ таҳти шиори «Ба ҳимояи Ватан омодаем!» ва озмуну сабқатҳои дигар айни муддаост. Ба ифтихори ҷашни Ғалаба дарсгоҳҳову долонҳо ва саҳни мактабро ба таври шоиста бо шиору овезаву лавҳу суратномаҳо оро бояд дод.

Ҷашни Ғалаба тантанаи бошукӯҳи умумихалқист. Рӯзест, ки ҳамагон аз корномаи бемисли ниёгон ёд мекунанд, онҳоеро ситоиш ва посдорӣ менамоянд, ки ҷаҳониёнро аз завлонаи фашизм наҷот дода, тантанаи дӯстиву сулҳро дар олам таъмин карданд. Тарғиби ғояи садоқат ба Ватан бояд дар меҳвари таҷлили Ҷашни Ғалаба дар таълимгоҳҳо қарор дошта бошад.

Ҷамолбӣ БЕРДИЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш