Нашрияи Омӯзгор

Роғун сармояи миллат аст

Сана: 2019-05-08        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Инсоният дар ҳама давру замонҳо ниёз ба гармиву рушанӣ  дорад. Муҳимтарин арзишҳои саодати ҳар як инсон маҳз аз ин ду неъмати бузург вобастагӣ дорад.

Барои мардуми шарифи Тоҷикистон моҳи ноябри соли гузашта аз ҳар ҷиҳат моҳи мубораку хотирмон буд. Дар баробари дигар ҷашнҳои муқаддас яке аз санаҳои фараҳбахши миллат ба истифода додани чархаи аввали НБО-и Роғун буд. Оғози фаъолияти ин иншооти тақдирсоз ба истиқлолияти  комили энергетикӣ расидани мамлакат мусоидат намуда, иқтисодиёти кишвар ба василаи он пеш меравад.

Роғун натанҳо манбаи нуру сафост, балки аз ояндаи рӯшани миллати мо дарак медиҳад. Ба шарофати он дар Тоҷикистони мо истиқлолияти энергетикӣ комилан таъмин гардид ва халқи тоҷик дар ин ҷода боз ҳам қадами устуворе ба пеш ниҳоданд.

Роғун ҷаҳониёнро ба ҳайрат гузошт. Бунёди онро дар даврони  Шуравӣ ба миён гузоштанд, вале ин неругоҳи азим танҳо бо шарофати Истиқлолият бунёд гардид.

Дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ мо бояд кӯшиш намоем, ки дар кишвари маҳбуби мо пайваста сулҳу суботи қавӣ ҳукмфармоӣ намояд ва халқи мо саодатманду хушиқбол бошад.

Зеро бе ваҳдату иттиҳод мо наметавонем, ки тамоми мақсадҳои неки хешро амалӣ намоем. Ваҳдату иттиҳод аст, ки Роғуни мо бунёд гардид ва ҳазорон чунин иншооти бузургу тақдирсоз низ дар оянда ба шарофати халқи соҳибҳунар қадафрозӣ менамоянд.

 

Зиёдабегим

Шогунбекова,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш