Нашрияи Омӯзгор

Муҷиби ҳаёт, покӣ ва тароват

Сана: 2019-05-08        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки тамоми  мавҷудоти зиндаи рӯйи замин бе об зиста наметавонанд.

Дар баъзе давлатҳои дунё аз нарасидани оби нӯшиданӣ одамон ба ҳар гуна бемориҳо гирифтор шуда ба ҳалокат мерасанд. Тавре маълум аст, 97 фоизи обҳои сайёраи мо шӯр буда, танҳо 3 фоизи онҳо оби тозаи ошомиданианд. Дар кишварҳои мутаррақӣ ҳар як шахси сеюм аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашад ё ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасии пурра надорад. Дар кишварҳои қитъаи Африқо ин ҳолат бештар ташвишовар аст. Ҳар як шахс бояд обро сарфакорона истифода бурда тавонад ва барои тоза нигоҳ доштани об саҳми худро дар ҷомеа гузорад. Набояд ба обе, ки аз он истифода мебарем, партовҳо андохта ифлос намоем.

Об, инчунин, одамро табобат мекунад. Пас аз ҳамаи ташвишҳои рӯзгор, ки мо хаста мешавем, лаби соҳил ё дарёчае рафта, ба шилдирроси об гӯш андозем, рӯҳу илҳоми нав мегирем ва хастагиямон рафъ мегардад. Тозагии ботину зоҳири ҳар як шахс аз об аст. Пас, бояд мо ҳамеша дар фикри тозагии об ва худамон бошему он ашёеро, ки аз моддаҳои химиявӣ тайёр шудаанд, ба об напартоем. Дар ҳолати партофтани чунин моддаҳо, яъне партовҳо обҳо ифлос мешаванду моддаҳои дар боло зикршуда ҳал намешаванд ва ҷисмҳои дохили об ба онҳо дармонда мефавтанд. Дар натиҷаи чунин ҳодисаҳо ҳам об ифлос мешаваду ҳам ҷисмҳои нодири дохили обро ба нестӣ бурда мерасонад. Аз нуктаи назари илми биология ҳамаи ҷисмҳои зинда аз об пайдо шудаанд. Пас ҳар як шаҳрванд бояд худро дар тозаву покиза нигоҳ доштани об уҳдадор шуморад.

 

Ҷамила АСАДУЛЛОЕВА,

омӯзгор

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш