Нашрияи Омӯзгор

Гиромидошти «адиби ду халқ»

Сана: 2019-05-08        Дида шуд: 772        Шарҳ: 0

Ном ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон,  дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон  ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод  Мирзо Турсунзода на танҳо дар ҷумҳуриамон, балки берун аз он низ шуҳрат ёфтааст.

Беҳуда нест, ки ҳанӯз 7 майи соли 2001 бо  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шоир бо олитарин унвони ҷумҳурӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст. Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти хизматҳои намоёни шоир дар соҳаи адабиёт ва тараннуми сулҳи сартосарӣ дар ақсои олам ин унвони олиро ба  ӯ муносиб дониста гуфта буданд: «Устод Мирзо Турсунзода, воқеан, Қаҳрамони Тоҷикистон аст. Меҳри ӯ дар ошёни баландтарин – дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард».

   Ҳафтаи гузашта дар аксари муассисаҳои таълимӣ ба муносибати зодрӯзи шоир (2 – юми май) мулоқот бо  аҳли адаб ва ҳамоишҳои фарҳангиву адабӣ, илмӣ дар робита ба паҳлуҳои мухталифи эҷодии шоир, шахсият ва саҳми ӯ дар пойдории сулҳи мамлакатҳои олам барпо гардид. Чунин як конфронси  илмӣ – амалӣ дар коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода низ бо номи «Мирзо Турсунзода – шоир, нобиғаи бузургу башардӯст ва мубориз дар масири сулҳу субот» бо иштироки меҳмонон ва як қатор роҳбарону намояндагони коллеҷҳои ҷумҳурӣ ба вуқӯъ пайваст. Саҳн ва роҳравҳои  муассиса бо намунаи ашъори шоир, лавҳаю овезаҳо бо истифода аз шеъру достонҳо ва гӯшаи асарҳои ба забонҳои мухталифи дунё  нашргардида оро дода шуда буд. 

Директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода Зулайхо Зокирова иштирокдорони конфронсро ба муҳтавои ҳамоиш шинос намуд. Муовини раиси шаҳри Турсунзода Ғафурҷон Собирҷонзода аз шахсияти барҷаста будани  шоир   ва маҳбубияти ӯ дар байни халқ сухан ронд. Номбурда  гуфт, ки ҳар як сокини шаҳри Турсунзода  аз он фахр дорад, ки дар шаҳри ба номи ӯ зиндагӣ мекунад. Устоди Донишгоҳи шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алишер Юнусов дар бораи робитаҳои илмиву адабии ду халқи бародар – Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳарф зада,  Мирзо Турсунзодаро «адиби ду халқ» номид. Вай аз муносибатҳои бардавоми  дӯстонаи шоирони халқии Ӯзбекистон Зулфия Исроилова, Ғафур Ғулом ёдовар шуда, афзуд, ки ашъори онҳо ҳама ватандӯстонаву пайвандгари  халқҳост. Ин аст, ки шоирро  имрӯз ҳам – пас аз чилу ду соли вафоташ мардуми ӯзбек дӯст медоранд, ашъораш гаштаю баргашта ба забони ӯзбекӣ чоп мегардад. Дар баробари ин, ба хотири дӯстии байни халқҳо ва мероси бойи адабии ӯ чанд муассисаю кӯчаю хиёбонҳо  ба номи вай номгузорӣ шудаанд.

Ба ҳозирин  суханронии Рӯҳуллои Ҷӯрабой, ки бештар аз чил сол боз директори осорхонаи  устод дар шаҳри Турсунзода аст, писанд омад. Тибқи гузориши ӯ айни замон дар осорхона  бештар аз 1400 нигора мавҷуд аст, ки ба ному фаъолияти адабии шоир дахл дорад. Асарҳои ӯ ба бештар аз панҷоҳ забон тарҷумаву нашр гардида, то соли 1979 дар васфи ӯ шахсиятҳои шинохта  суханони пурмеҳр навиштаанд. Аз рӯйи маълумоти директори  осорхонаи  устод ба 34 давлати дунё  68 маротиба сафар намудааст. Дар бораи шоир то имрӯз 58 нафар рисолаҳои илмӣ ва китобҳои  илмӣ – бадеӣ таълиф ва нашр кардаанд.   Мирзо Турсунзода сиву як сол раиси Кумитаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва бист сол раиси якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо буд.

Иштирокдорони конфронс ба сексияҳо ҷудо шуда, доир ба мавзӯъҳои  эҷодиёти шоир маърӯза карданд.  Дар баробари ин, тариқи воситаҳои техникӣ (онлайн) аҳли нишаст бо устодону хонандагони коллеҷҳои омӯзгории шаҳри Мински Ҷумҳурии  Беларус, коллеҷи гуманитарии шаҳри Петропавловскийи ба номи М. Жумабоеви Ҷумҳурии Қазоқистон аз хусуси  омӯзиши фаъолияти  эҷодии шоир дар ин муассисаҳо маълумот доданд.

Дар поёни конфронс филми ҳуҷҷатии «Мирзо Турсунзода – мунодии сулҳ»  намоиш дода шуд.   

 

Ҳотами  Ҳомид,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш