Дар тӯли умри бобаракати хеш устод Айнӣ тавонистааст, ки ба майдони илму адаби тоҷик як зумра қаламкашони соҳибистеъдодро роҳбаладӣ кунад ва онҳо дар офаридаҳояшон умдатарин хислатҳои устодашонро бо муҳаббати хосаву самимияти афзун рӯи сафҳа оварда, дар абадияти номи устод нақшгузорӣ кардаанд.
Дар қатори офаридаҳои шогирдони устод Айнӣ асари устод Мирзо Турсунзода «Чароғи абадӣ» бо фарогирии мавзӯъ ва ҷилои симои ҳақиқии Айнӣ ва хизматҳои ӯ дар сарнавишти точикон мақоми хосае дорад. Мирзо Турсунзода дар ду боби асараш - «Мулоқоти дуюм» ва «Дар боғ» кӯшиш кардааст, ки аз хизматҳои шоёни устод Айнӣ ва мақоми ӯ дар бунёди зиндагии навини халқи тоҷик, маҳбубияташ байни хосу оми тоҷикон ҳарф занад:
Яроқашро мубориз аз қалам кард,
Ҳақиқатро, тамаддунро алам кард…
Ба устоди қаламкаш дод пайғом,
Тамоми шаҳр аз ҳар як дару бом.
Салом омад, дуруд омад ба Айнӣ,
Саломи чун суруд омад ба Айнӣ.
Солҳои ҳафтодуми асри гузашта, мавзӯи худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ дар ашъори шоирон меҳварӣ гардид. Шоирон Бозор Собир ва Лоиқ Шералӣ ба ҳаёту муборизаҳои устод Айнӣ аз равзанаи бузургдошти илму маърифат, забону адабиёт назар дӯхтаанд.
Устод Бозор Собир дар шеъре бо номи «Муҷассамаи Айнӣ» дар ҳудуди 48 мисраъ андешаҳояшро оид ба бузургии Айниву муҳаббати бепоёни халқ нисбат ба ӯ, мақоми Айнӣ дар ғановати маънавии зиндагии миллати тоҷик ҳунармандона ба риштаи назм кашидааст:
Халқ ҳамчун пайкареву пайкаре чун
халқ хест,
Кӯҳи хоропайкаре дар ҳайкале бедор
шуд.
Рӯи ӯ бар сӯи мову рӯи мо бар сӯи ӯст,
Халқ дар тимсоли Айнӣ халқи
минбардор шуд.
Устод Лоиқ хизматҳои Айниро дар тағйири сарнавишти тоҷикон тавассути шеъри «Айнӣ» басо моҳиронаву шоирона васф кардааст. Дар шеъри «Айнӣ» ҳар як сухан, ҳар як ифодаву ибора ва ҳар як сатри он бозгӯи заҳмату машаққатҳои устод Айнӣ аст, ки аз тамоми вуҷудаш ҷӯш зада мебаромаду саршор аз муҳаббат ба Ватан, халқ ва мероси гаронбаҳои ниёгони тоҷик - сухан ва маърифат буд. Лоиқ тавонистааст хизматҳои шоистаи устод Айниро дар худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷгузорӣ ба суннатҳои бунёдкоронаи ниёгон, омӯзиши осори ҷовидонаи онҳо, аз қаъри асрҳо берун овардани ҳақиқати мавҷудияти таърихи миллати тоҷик, саргузашти сангину ибратомӯзи худи адибро бо вижагиҳои махсусаш манзури доираи васеи хонандагонаш гардонад :
Зи лавҳи гӯрҳо, аз мармари сарди
мазористон,
Зи хоки мурдагони зиндатар аз
зиндадаргӯрон,
Зи нақши ҳар катиба, нақши нохун
дар тани зиндон,
Зи соҳилҳои бедарё, зи дарёҳои беҷарён
Ту моро кофтӣ, устод ,
Ту моро ёфтӣ, устод!
Шоир дунболагири андешаест, ки устод Айнӣ аз хокистарҳои хомӯш оташ, аз санги сард шарар рӯёнида, сари гӯри ниёгон аз меҳр машъал афрӯхтааст, худ машъале дар дасти замон гаштааст:
Сари гӯри ниёгон машъала афрӯхтӣ
аз меҳр,
Аз ин рӯ ҳамчу машъал дар сари
дасти замон мондӣ!
Ҳаёту зиндагии устод Айнӣ худ як мактаби бузурги худшиносиву ватандӯстист, сол аз сол қадру манзалаташ барои ҳар як тоҷики бонангу ор, созандаву бунёдкор боло меравад. Баробари он, шуҳрати тоҷикону давлати соҳибистиқлоли он пояи ифтихориро касб мекунад.
Мукаррам Мелиев,
директори мактаби №36,
шаҳри Исфара.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр