Ду хонандаи шаҳри Хуҷанд Хуршедҷон Комилов ва Гурдофарид Сангин дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон зимни иштирок дар конфронси дуюми байналмилалии Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, ки дар мавзӯи “Тағйирёбии иқлим» баргузор гардид, ғолибият ба даст оварданд.
Мавриди зикр аст, ки Хуршедҷон Комилов, хонандаи синфи 10-и “Гимназияи ба номи Гёте”-и шаҳри Хуҷанд ва хонандаи синфи 11-уми “Мактаби ба номи П. Пӯлотов» Гурдофарид Сангин дар ҳайати дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни номбурда иштирок намуда, дар номинатсияи алоҳида беҳтарин эътироф карда шуданд.
Дар доираи ин лоиҳа дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Конфронси дуюми байналмилалии муаллимони Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар мавзӯи “Тағйирёбии иқлим» ва финали озмуни якуми байналмилалии лоиҳаҳои мактаббачагон оид ба масъалаи “Тағйири иқлим” баргузор гардид. Дар ин озмуни бонуфуз аз 9 кишвари Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Россия, Арманистон, Беларус ва Молдова иштирок намуданд.
Дар ин озмун зиёда аз 40 лоиҳаи экологӣ аз 9 кишвари ҷаҳон пешниҳод карда шуданд. Дар рафти озмун иштирокчиён лоиҳаҳои эҷодӣ, таҳқиқоти худро дар доираи ду мавзӯи асосӣ- “Таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои оби сайёра” ва “Паст кардани фарогирии карбон” муаррифӣ намуданд. Инчунин, барои онҳо ҷаласаҳои сершумор, семинарҳо оид ба экотуризм, лексияҳо дар мавзӯъҳои экологӣ, машғулиятҳои лабораторӣ оид ба кам кардани партовҳои зараровар ба атмосфера, инчунин экскурсияҳо ба ҷойҳои зебои Қазоқистон гузаронида шуданд.
Лоиҳаи Комилов Хуршедҷон ва Сангин Гурдофарид «Тоза кардани дарёи Сир» дар номинатсияи «Пешбурди амалии ғояҳои инноватсионӣ дар обтозакунӣ” лоиҳаи беҳтарини озмуни байналмилалии лоиҳаҳои экологии хонандагон оид ба тағйирёбии иқлим байни давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ шинохта шуд.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр