Нашрияи Омӯзгор

Созандагӣ дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон

Сана: 0000-00-00        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд. Дар назар аст, ки давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда шаванд.

Сино:

1704 иншоот бунёд мегардад

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе корҳои ободонию созандагӣ вусъат меёбанд. Дар доираи ин омодагиҳо барои сайругашти сокинон ва меҳмонони пойтахт дар хиёбони Ҷаббор Расулови ноҳияи Синои пойтахт бунёди гулгаштҳои муосир идома дорад. Гулгаштҳои нав мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида, дар онҳо муҷассамаи каҳрамонҳои афсонавӣ ва дигар воситаҳои ороишӣ  насб мегарданд.

Баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия бунёди 1704 иншооти таъйиноташон гуногун бо таъсиси 2809 ҷойи нави корӣ, аз ҷумла, сохтмон ва  навсозии 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 муассисаи томактабӣ барои 1260 ҷой, 7 муассисаи тандурустӣ, 19 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 17 маркази хизматрасонӣ, 35 бинои истиқоматӣ, 23 майдончаи варзишӣ ва 150 партовгоҳ  ба нақша гирифта шудааст.

Бо дастури Пешвои миллат аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо МД «Маркази татбиқи лоиҳаи  «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 84 ва 99 дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Бинои замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 аз 3 ошёна иборат буда, дорои 27 синфхонаи бо аёнияти хониш муҷаҳҳаз мебошад. Иншоот ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст буда, камераҳои назоратӣ дар ҳар як ошёна ва атрофи он насб карда шудаанд. Ин  иншооти таълимӣ  барои 1260 нафар дар ду баст пешбинӣ шудааст. Алҳол  дар ҳудуди ноҳияи Сино сохтмони 23 майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакона идома дорад.

Варзоб:

276 иншоот ба истифода

дода мешавад

Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб бунёду навсозии 276 иншоот пешбинӣ шудааст. Соли гузашта сохтмону таъмири 39 иншооти ҷашнӣ ба итмом расид.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша сохтмону таъмири иншооти зиёди ҷашнӣ, аз қабили кошонаи ҳусн, сартарошхона, ҳаммом, таъмири роҳ ва пулҳо, муассисаҳои таҳсилотӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзиш, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои савдо ва боғҳои фарҳангию фароғатиро тарҳрезӣ намудааст.

Сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои Суғдиён ва Чинор, маркази тиҷоратӣ ва толори варзиш дар деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ, мағозаи тиҷоратӣ, бунгоҳи тиббӣ ва боғчаи кӯдакона дар деҳоти Лучоб, толори варзиш ва мағозаи тиҷоратӣ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмалик аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ оғоз гардида, корҳо мувофиқи нақша идома доранд. Сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 41 барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст идома дорад.

Зафаробод:

бунёди 400 иншоот

Дар ноҳияи Зафаробод ба истиқболи сазовори ҷашни хуҷастаи миллӣ тибқи нақша бунёду таъмир ва навсозии даҳҳо иншооти гуногун ҷараён доранд. Аз ҷумла, яке аз ин гуна иншоот бинои Қасри фарҳанги ноҳия мебошад, ки соли 1971 бунёд гардида, ҳоло дар он корҳои бунёдкорӣ оғоз ёфтаанд.

Бинои Қасри фарҳанг ҳанӯз соли 2015 қисман таъмир гардида бошад ҳам, айни замон он ба таъмири куллӣ ниёз дорад. Алҳол дар ин иншооти фарҳангӣ 12 нафар фаъолият дошта, 9 маҳфили гуногун амал менамояд. Дар бинои қаср — бахши фарҳанг, китобхонаи марказӣ, китобхонаи бачагона, ансамбли шашмақомсароёни «Навои дил», ансамбли халқии тарона ва рақси «Зафар» ва осорхонаи таърихии ноҳия фаъолият бурда, бунёди толори қасри фарҳанг барои 487 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Иншооти дигаре, ки дар ноҳия ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта мешавад, ин Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия мебошад. Он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятӣ навсозӣ карда шуда, ба макони хушманзар ва истироҳату фароғати сокинон табдил хоҳад гашт.

Ҳамзамон дар маркази ноҳия — Ҷамоати шаҳраки Зафаробод сохтмони кӯдакистони хусусӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ ҷараён дорад. Кӯдакистон бо тарзу усули меъмории замонавӣ барои 100 нафар кӯдак бо ташкили 4 гурӯҳ сохта шуда, таълим дар ин гурӯҳҳо ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ равона карда мешавад.

Дар маҷмӯъ, дар ноҳияи Зафаробод ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 400 иншоот бунёд ва таъмиру навсозӣ мегарданд.

Ёвон:

341 иншоот сохта мешавад

Дар ноҳияи Ёвон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб менамоянд. Ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмону  навсозии 341 иншоот дар назар аст. Аз ҷумла, то ҷашни фархундаи миллӣ як қатор муассисаҳои таълимиву томактабӣ, китобхонаҳо, боғи фарҳанг, беморхонаҳо, бунгоҳҳо ва марказҳои тиббӣ, толорҳою майдончаҳои варзиш, меҳмонхонаҳо, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, корхонаҳои коркарди шир ва амсоли инҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт. Дар доираи омодагиҳо то имрӯз 85 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Балҷувон:

корҳои сохтмонӣ дар

375 иншоот идома доранд

Дар ноҳияи Балҷувон низ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 375 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар маркази ноҳия бунёди гулгашти замонавӣ бо шинонидани дарахтони ороишию сояфкан, гулу буттаҳо, роҳраву таҷҳизоти равшанидиҳанда дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони маркази хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ бо 30 ҷои корӣ, бинои осорхона ва боз чанд иншооти дигар идома дорад.

Дар маркази ноҳия талабот ба боғчаи бачагона зиёд буда, бо фармоиш ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бинои дуошёнаи кӯдакистон сохта шуда истодааст. Муассисаи томактабии мазкур барои ба тарбия фаро гирифтани беш аз 50 нафар кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Мувофиқи нақша як қисми иншоот то моҳи сентябри соли равон мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

 

Н. САНГИНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш