Нашрияи Омӯзгор

Фиристода бояд ки доно бувад

Сана: 2019-05-08        Дида шуд: 767        Шарҳ: 0

3-4 майи соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олиии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Фиристода бояд ки доно бувад…» аз рӯи фанҳои таълимии забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ, таърихи халқи тоҷик, биология – экология, химия, физика, математика, фалсафа, сиёсатшиносӣ, технологияи информатсионӣ, назарияи иқтисодӣ баргузор гардид.

Дар он аз 37 мактаби олӣ 330 нафар довталаб иштирок карданд.   Дар расми кушодашавии олимпиада вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, раиси Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини вазири маориф ва илм Сайфиддин Давлатзода суханронӣ намуданд.

Вазири маориф ва илм Н. Саид иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омӯзишу азхуд намудани илмҳои муосир барои ҷавонон  шароити мусоид фароҳам овардааст. Имрӯз дар муассисаҳои олии кишвар олимони варзида ба таълиму тарбияи насли нав-рас машғуланд.

Л. Абдухолиқзода таъкид намуд, ки ҷавонон ҳамчун неруи пешбар ва рушдбахши иқтисодиёти кишвар бояд пайваста омӯзанд ва дар муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ хидмати шоиста намоянд. 

М. Имомзода зикр намуд, ки нақши олимони мактабҳои олии кишвар дар рушди неруи илмии ҷумҳурӣ бориз буда, беш аз 80 фоизи ихтирову дастовардҳои илмии мамлакат маҳсули пажӯҳиши онҳо мебошад.

С. Давлатзода вобаста ба тартиби баргузории озмун маълумот дода, иброз дошт, ки соли ҷорӣ бори аввал мисолу масъалаҳои тестии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрезӣ гардидааст.

Ҳамин тариқ, довталабон мувофиқан ба бахшҳо ба синфҳонаҳо ворид гардиданд. Пас аз анҷоми корҳои санҷишӣ бегоҳии рӯзи аввал дар толори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон намоиши фарҳангӣ аз тарафи донишҷӯёни донишгоҳи мазкур пешниҳод гардид, ки писанди ҳозирин шуд.

Рӯзи дигар апеллятсия баргузор гардид, ки теъдоде аз донишҷӯён барои бори дигар шинос шудан ба кори худ бо аризаи апеллятсионӣ ба кумитаи тадорукот муроҷиат намуданд. Аз мушоҳидаҳо маълум гардид, ки иштирокдорон, дар маҷмӯъ, аз рафти олимпиада ва шаффофияти он қаноатманд буданд.

Муҳриддин  Низомов, номзади илми филология, дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви ҳайати ҳакамон аз бахши забон ва адабиёти тоҷик, зикр намуд, ки озмун дар бахши забон ва адабиёти тоҷик дар ду давр баргузор гардид. Тибқи он дар даври аввал нафароне, ки аз тест аз 80 хол зиёд гирифтанд, ба даври дуюм барои  навиштани эссе роҳ ёфтанд. Бояд гуфт, ки қисме аз саволҳои тестӣ  аз доираи барномаи таълимӣ берун тартиб дода шуда буданд, мутаассифона,  аксари донишҷӯён натавонистанд холи заруриро соҳиб шаванд ва ба   даври дуюм танҳо 4 нафар довталаб  ҳуқуқи иштирокро пайдо карданд. Инҳо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мебошанд. Довталабон асосан дар се мавзӯъ эссе навиштанд:

1. «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ  – ҳамосаи миллии тоҷикон»

2. «Садриддин Айнӣ  – адабиётшинос»

3. «Адабиёт абадият аст»

Эссеи навиштаи довталабон дар сатҳи олӣ набуд, вале онҳо то андозае мавзӯъҳоро хуб баррасӣ намуданд.  Аз чор нафар ду нафар бо иншои навиштаи худ шинос шуданд. Масалан, донишҷӯи ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур Фирдавс  Набиев дар мавзӯи «Шоҳнома» – и Фирдавсӣ – ҳамосаи миллии тоҷикон» эссе навишт ва  баҳои 4/4 гирифт, ки ин хеле хуб аст. Номбурда эссеро хуб навиштааст, вале ба баъзе хатоҳои имлоӣ роҳ додааст. Аз ҷумла, баъди пайвандаки «зеро» вергул гузоштааст. Дар кори ӯ ғалати услубӣ низ ба назар мерасад. Масалан, вай нигоштааст: «… зеро «Шоҳнома»-и Фирдавсиро на танҳо мардуми тоҷик, балки тамоми ҷаҳониён аз он баҳра мегиранд». Дар навиштаҳои дигар иштирокдорон низ ғалатҳое чун нагузоштани вергул ва дигар аломатҳои китобатӣ ба мушоҳида мерасад. Ягон нафар довталаб  ба баҳои 5/5 сазовор нашуд.

Чанд сол аст, ки ҳамчун узви ҳайати ҳакамон аз забон ва адабиёти тоҷик дар олимпиадаи донишҷӯён иштирок мекунам, – афзуд М. Низомов. – Довталабон мавзӯъ ва барномаи таълимиро хуб медонанд, вале дар баёни андешаи хеш ба ғалатҳо роҳ медиҳанд. Аз тарафи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати калимаҳое, ки  бе ҳарфи ӯ (у –и дароз)  навишта мешаванд, муайян шудааст, вале онҳо инро нодида гирифта, дар ҷое, ки зарур нест, ӯ-и дароз менависанд. Аз ин рӯ, омӯзгоронро мебояд ба корҳои хаттии хонандагону донишҷӯён (хусусан, ба имло ва услуб) диққати ҷиддӣ бидиҳанд.

Маҳмадсалим Абдукаримов, муовини директори иҷроияи филилаи Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе, номзади илмҳои физикаю математика, узви ҳайати ҳакамон аз бахши математика, қайд кард, ки олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар сатҳи баланд гузашт ва бори аввал аст, ки дар раванди озмун Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуд.  Қайд намудан зарур аст, ки мисолу  масъалаҳо дар сатҳи озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ тартиб дода нашуда буданд. Аз нуқтаи назари барномаи таълимӣ гирем, он мисолу масъалаҳо чандон сода ҳам нестанд. Мисолу масъалҳои тестӣ пурра дар доираи барномаи таълимии амалкунанда, ҳатто баъзе аз онҳо дар доираи барномаи математикаи элементарӣ таҳия ва пешниҳод шуда буданд. Мисолу масъалаҳои хаттӣ низ аз нуқтаи тақсимбандии мавзӯъҳо аз доираи барномаи таълимӣ берун набуданд, вале масъалаҳои мураккаб интихоб шуда буданд. Се масъала аз математикаи элементарӣ дар олимпиадаи мазкур пешниҳод гардид. Амалан гирем, дар ин озмун масъалаи мураккабе пешниҳод нагардидааст. Математика фаннест, ки дар он  ҳисобу китоб мавқеъ дорад, барои муайян кардани ҷавоби дуруст,  аввал масъаларо ҳал кардан зарур аст. Мисолҳо тавре интихоб шуда буданд, ки ба таври шифоҳӣ муайян кардани онҳо ғайриимкон буд. Ба гумони ман, вақти ҷудонамуда ба баъзе  довталабон, ки таҷрибаи кофӣ дар олимпиада надоштанд, камӣ кард. Аз ин рӯ, пешниҳод мекунам, ки дар оянда, агар ҳамин миқдор мисолу масъалаҳо пешниҳод карда шаванд, барои ҳалли онҳо 4 соат вақт муқаррар гардад.

Миқдори мисолу масъалаҳои тестӣ 30 адад буд, ки ба ҳар ҷавоби дуруст 2 хол пешбинӣ гардид. Мисолу масъалаҳои хаттӣ 10 адад буд  ва ба ҳар як ҷавоби дуруст чор хол пешбинӣ шуд. Дар байни довталабон донишҷӯе, миқдори ниҳоии холҳоро ба даст оварда бошад, пайдо нагардид.  Холи аз ҳама зиёд 84 –ро  ташкил дод.

Хуб мешуд, ки дар оянда 1000 адад мисолу масъалаи олимпиада дар сомонаи Вазорати маориф ва илм ҷойгир карда шавад. Метавон таъкид кард, ки (дар сомона) дар соли оянда 10 фоизи мисолу масъала дар олимпиада ворид карда мешаванд. Яъне, барои он ки довталаб бовар пайдо кунад, ки 10 фоизи мисолу масъалаҳоро ҳал карда метавонад, маҷбур мегардад, ки 1000 мисолу масъаларо азхуд намояд. Ин имкон медиҳад, ки дар оянда донишҷӯ самти илм ё пешаеро интихоб кунад, ки  дар он татбиқи фанни математика дида мешавад. Хушбахтона, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки донишҷӯён ба математика таваҷҷуҳи бештар менамоянд ва дар омӯзиши он пешравиҳои чашмрас ба назар мерасад.

Фарҳод Истамов, мудири кафедраи методикаи таълими физикаи ДМТ, номзади илмҳои физикаю математика, узви ҳайати ҳакамон аз бахши физика, иброз намуд, ки саволҳо аз бахши физика асосан дар доираи барномаи таълимӣ таҳия ва пешниҳод шуда буданд. Донишҷӯён иштироки фаъол доштанд, вале қисми бештари довталабон дар ҳал намудани масъалаҳои сифатӣ ба мушкилӣ дучор шуданд. Бояд ба ин ҷиҳати масъала таваҷҷуҳи бештар намуд, то донишҷӯён дар ҳалли ин гуна масъалаҳо ба мушкилӣ дучор наоянд.

Файзалӣ Аминов, мудири кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи ДМТ, узви ҳайати ҳакамон аз бахши фалсафа, зикр кард, ки олимпиада бисёр шаффоф ва дар сатҳи баланд  гузашт. Имсоли бори аввал аз бахши фалсафа дониши довталабон дар дастгоҳҳои компютерӣ санҷида шуд. Барои муайян намудани беҳтарин довталаб 100 савол пешниҳод гардид ва  ба ҳар савол 1 хол муқаррар шуд. Дар бахши  фалсафа саволҳо тарзе тартиб дода шуда буданд, ки довталабро ба саргумӣ мебурданд. Дар ин фан холи аз ҳама баланд 95 –ро  ташкил дод.  Соли гузашта 5-6 довталаб пурра ба саволҳои тестӣ ҷавобҳои дуруст доданд. Дар раванди апеллятсия маълум гардид, онҳое, ки баҳои баланд гирифтанд, бо аризаи апеллятсия муроҷиат накарданд.  Мутаассифона, онҳое, ки холи пастро соҳиб шуда буданд, мехостанд ҳақ будани худро нишон бидиҳанд. 

Имомиддин Раҷабов, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДМТ, узви ҳайати ҳакамон аз бахши сиёсатшиносӣ, бар он андеша аст, ки омӯзиши фанни сиёсатшиносӣ дар шароити муосир амри воқеист. Ихтилофу зиддият ва муқовиматҳое, ки дар байни кишварҳои гуногуни рӯйи олам, хосатан, бархӯрди манофеи  кишварҳои абарқудрат, чи дар сатҳи ҷаҳонӣ ва чи дар сатҳи минтақа, амалӣ мешаванд, дар фаҳмиши онҳо маърифати сиёсӣ ва маданияти сиёсӣ ногузир аст. Гумон мекунам, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсии ҷавонон, ки қишри осебпазиранд, бевосита мусоидат карда метавонад.  Аз ин хотир, умед аст, ки дар марҳилаҳои наздик  дар асоси баланд бардоштани маърифати сиёсӣ фарҳанги сиёсӣ низ такмил меёбад,  он меъёру принсипҳои  муносиб ва мувофиқ фитрати сиёсии ҷомеаи мо, хусусан, ҷавонон ташаккул меёбад. Мутаассифона, дар бахши сиёсатшиносӣ аксари довталабон фаъолияти хуб нишон надоданд ва  теъдоди ками донишҷӯён ба бештари саволҳо ҷавоби дуруст доданд.  Саволҳои бахши сиёсатшиносӣ дар сатҳи баланд тартиб дода шуда буданд ва қисми зиёди онҳо хусусияти энсиклопедӣ доштанд. Аз ин рӯ, довталабон, ки  дар доираи барномаи таълимӣ ё китоби муайяни ин ё он олим маҳдуд шуда буданд, натавонистанд ба саволҳо  ҷавобҳои қаноатбахш бидиҳанд.

Ҳамин тавр, олимпиада ҷамъбаст гардид. Дар маросими ҷамъбасти олимпиада вазири маориф ва илм Нуриддин Саид иброз дошт, ки  сол то сол мисолу масъалаҳои олимпиада мураккаб таҳия ва тартиб дода мешаванд. Аз ин рӯ, донишҷӯёнро мебояд дар доираи барномаи таълимӣ маҳдуд нашуда, фаротар аз он, аз дигар китобу адабиёт истифода кунанд ва омодагии хуб бигиранд.

Бо гирифтани ҷойҳои бештари ифтихорӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷойи якум, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  ҷойи дуюм ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон  мақоми сеюмро соҳиб гардиданд.

Ба ғолибон вазири маориф ва илм Н. Саид ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Ҳамчунин, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳиб шудани ҷойҳои ифтихорӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тахтаи электронӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тахтаи электронӣ ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ноутбук, инчунин, ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои ташкили шароити мусоид ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани олимпиада сипоснома ва тахтаи электронӣ тақдим карда шуд.

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш