Нашрияи Омӯзгор

Ақл комил мешавад аз гарму сарди рӯзгор

Сана: 2019-07-05        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Солҳои донишҷӯии мо дар факултаи филологияи тоҷики УДТ (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ба солҳои 60-уми асри гузашта рост меояд.

Дар соли аввали таҳсил дарсҳои амалиро аз фанни муқаддимаи забоншиносӣ устод М.Норматов мебурданд. Дар қисмати фонетика оид ба «Ихтисоршавии садонокҳои кӯтоҳ дар нутқ» ба шогирдон супориши хонагӣ доданд, ки доир ба ин мавзӯъ мисолҳо навишта биёранд. Дар лаҳзаи пурсиши вазифаи хонагӣ устод аввал номи маро гирифтанд. Ман аз шарм, тарсону ларзон аз ҷоям хеста, мисолҳои навиштаамро хондам: Маълим шмо, маълим бз, маълим грг, маълим штр. То ин ҷо хонда будам, ки устод:

- Шуд-шуд, -гӯён қоҳ-қоҳ зада, бо дасташ даҳонашро пӯшонид. Ин одати деринаи устод буд. -Анзурат, боз як бори дигар такрор кун? Ман кӣ? Ман бз, Ман грг? Ман штр? –гӯён аз ханда худдорӣ карда наметавонистанд, аммо ман аз шарму ҳаё буд магар, ки гаранго-гаранг дар ҷоям нишастам. Ҳамон лаҳза аз қафо садое баланд гашт, ки мегуфт:

-Устод, шумо хафа нашавед. Ин духтар аз деҳоти дур, аз кӯҳистон омадагӣ, шеваи гуфторашон ҳамин тавр аст. Ин бачае, ки ҳар замон маро пуштибонӣ карда, хатоҳои маро ислоҳ мекард, намешинохтам ва номашро ҳам намедонистам, ки ӯ кист ва аз куҷост?!

Дар соли дуюми таҳсил, ҳангоми маъракаи пахтачинӣ дар ноҳияи Шаҳритус ман ӯро шинохтам. Ман дар пахтачинӣ пешсаф - чинакчии моҳир будам. Он қадар пахта мечидам, ки онро ба назди тарозу бурдан зӯрам намерасид. Роҳбари гурӯҳамон устоди зиндаёд, олими шинохта, профессор (рӯҳашон шод бод) Худоӣ Шариф ҳар рӯз ба он бача фармон медод: -Аскар, зуд пахтаҳои ҷамъовардаи Анзуратро ба назди тарозу биёр! Чаро ба дигар кас нею маҳз ба Аскар фармон додани устод сабаб дошт, зеро Аскар дар пахтачинӣ қафомонда буд. Ана дар ҳамон давраи  муҳими сиёсӣ (он замон ҳамин тавр мегуфтанд) пахтачинӣ, ки давраи хеле хотирмон барои донишҷӯён буд, ин бачаеро, ки доим дар дарсҳо пуштибонии маро мекард, шинохтам. Ӯ як бачаи лоғарандоми мӯҷингила, сархам, мӯзаҳои калони резинӣ дар пояш роҳравон ва дар байни пахтазор шеър зам-зама мекард. Духтарон барои ҷингиламӯй буданаш ба ӯ «Пушкин» лақаб гузошта буданд… Ман ӯро гоҳ-гоҳ аз оинаи нилгун мебинам, ҳанӯз ҳам шеър мехонад. Ӯро Шоири халқии Тоҷикистон, доктори улуми суханшиносӣ муаррифӣ мекунанд…

Ман баъдтар сабаби хатои худу завқи устод (ё қаҳри устод) ва дар ҳолати ноҳинҷор монданамро дарк намудам: Солҳои дар мактаби миёна хондан, лаҳзаи ба дарсҳо ҷавоб додан, пеш аз ҳар сухан калимаи «маълим»-ро такрор менамудам. Ин хатои шифоҳии маро устодон ислоҳ мекарданд ё не? Инашро ёд надорам.

Имрӯзҳо дар барномаҳои таълимии фанни забони модарӣ доир ба инкишофи нутқи мураттаби хонандагон соатҳои муайян ҷудо карда шудааст. Мутаассифона, ин соатҳо мувофиқи мақсад истифода карда намешаванд. Инкишофи нутқи кӯдак, наврас, пеш аз ҳама аз муҳити фарҳангӣ, забони оила ва пасон аз боғча, асосан ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна инкишоф ва сайқал меёбад. Бадбахтона, аз гуфтаю навиштаҳои матбуот бармеояд, ки бештари ҷавонони мо, чи дар дарсу маҳфилҳо, барномаҳои садову симо озод сухан гуфта, ба пуррагӣ фикрашонро ифода карда наметавонанд.

Сари ин андеша бояд олимон, омӯзгорон, барномасозон бияндешанд ва ба хулосаи зарурӣ биёянд. Ба қавли шоир:

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад.

… Вале солҳои 1993-2003, ки дар кафедраи «Хат ва матни классикӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба тадрису таълими фанни алифбои ниёгон ва забони модарӣ машғул будам, саҳву хатоҳои нутқи донишҷӯёнро ислоҳ ва ёдрас менамудам, то камбудии нутқи хешро дарк намоянд.

Беҳуда нагуфтаанд, ки зиндагӣ худ устод аст, ба тадриҷ шебу фароз, саҳву хатоҳоро ислоҳ мекунад. Шоир хуб гуфтааст:

Ақл комил мешавад аз гарму сарди  рӯзгор,

Обу оташ мекунад соҳиббуриш

шамшерро.

Анзурати Мирзо,

корманди Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фикрҳои хонанда

|

Иловакунии фикр

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим

ДшСшЧшПшҶмШбЯш