Нақши омӯзгор дар ташаккули тамаддуни башар муҳим ва муассир аст. Маҳз омӯзгорон меҳвари пешбарандаи тамаддуни инсонӣ ба ҳисоб мераванд ва ахлоқи накуву донишро дар зеҳни инсон ҷой намуда, онро ба шахсият табдил медиҳанд.
Дар баробари ин, марҳилаҳои муайянеро дар сарнавишти миллатҳо ва давлатҳо метавон мушоҳида кард, ки илму маориф мартабаю эътибори хешро аз даст дода, таассубу хурофот ва нодониву ҷаҳолат ҷойгоҳи муҳим пайдо мекунад. Дар ин навъи ҷомеа таваҳҳум бар хираду дониш ҳоким аст. Донишманд, омӯзгор ва аҳли илму маърифат дар хорию забунӣ қарор мегирад. Аз ҷумла, сабаби асосии ақибмондагии Аморати Бухоро ва зери мустамликаи императории рус рафтани он нодонӣ, хурофот, таассубу ҷаҳолат ва ҷомеаи суннатгарову тақдирзада буд. Табақаи ҳоким ва қишри рӯҳонии ин ҷомеа барои пазируфтани донишҳои нав имкон намедоданд ва барояшон дар вазъи инҳитоту сарбастагӣ, нодонии саросарӣ қарор додани ҷомеа муҳим буд. Аз ин рӯ, онҳо бо ҳар нафаре, ки донишу илми муосири замонро аз худ карда, дар баробари тафаккури мавҷудаи ҷомеа чизи наверо пешниҳод кунад, онро душман қарор дода, ба он барчаспҳои муртаду кофир ва амсоли инро илова мекарданд. Ҳамин буд, ки Аморати Бухоро то охирин лаҳзаи аз байн рафтан ва табақаи ҳокиму тарафдорони он бар муқобили дониш, ақлу хирад ва фановариҳои башарӣ мубориза бурданд ва оқибат ноком гашта, давлаташон низ ба фано рафт.
Бо баробари мустақар шудани ҳокимияти Шӯравӣ дар қаламрави собиқ Аморати Бухоро яке аз асоситарин сабаби ақибмондагӣ ва нодонии мардуми минтақаро дар набуди донишҳои дурусти илмиву муосир муаяйн намуда, ҷарёни ҳамагонӣ кардани дониш ё маҳви бесаводиро дар қаламрави хеш роҳандозӣ кард. Ҳамин буд, ки таъсиси мактабҳои нав ва таълиму тадриси улуми муосир дар онҳо ба роҳ монда шуд. Аз шаҳрҳо ва марказҳои маъмурӣ нафарони бо дониши навин мусаллатшударо ба минтақаҳо сафарбар менамуданд.
Яке аз муаллимаҳои аввалини мактабҳои нави солҳои 1920-1922 дар минтақаи кӯҳистони Сангвор русзане бо номи Тамара буд, ки аслан зодаи Гурҷистон буд. Ба ҳайси яке аз муаллимони якумин ба ин минтақа фиристода шуда, аввалин тарзи таълимро дар мактабҳои навъи нав ба роҳ монд. Дар як муддати кӯтоҳ дар дили бошандагони ин минтақа маҳбубият пайдо карда, дар самти маҳви бесаводӣ корҳои арзишмандеро анҷом дод. Аммо солҳои 20-уми қарни гузашта равияи зиддиинсонӣ ва ғоратгариву ифротгароии босмачиён, ки мехостанд ҳокимияти амириро дубора дар минтақа барқарор кунанд, бедодгарӣ менамуд. Босмачиён душмани сарсахти илму маърифат ва мактабу маориф буда, ба ҷуз аз донишҳои маҳдуди мазҳабии хеш ҳамаро куфру бидъат меҳисобиданд.
Босмачиён дар яке аз чунин набардҳои нобаробар дар минтақаи Сангвор аввалин коре, ки анҷом доданд, тарафдорони ҳукумати Шӯравӣ ва махсусан, муаллимонро ба қатл маҳкум карданд. Дар миёни ин нафарони ба қатл маҳкумшуда, муаллимаи зикршуда Тамара низ буд. Таассубзадагони нохалаф Тамараро ба хотири муаллима будану ба мардум илму дониш омӯхтанаш кофир эълон карданд. Ӯро бо бераҳмии хоси асримиёнагӣ аввал азоб дода, сипас аз болои яке аз қуллаҳои кӯҳсори ноҳияи Сангвор ба поён партофта куштанд.
Тамара тавассути муносибати самимии хеш нисбат ба мардуми маҳаллӣ ва дониш омӯзондану тарбия кардани шогирдон дар дили сокинони минтақаи Сангвор ҷойгоҳ пайдо намуда буд. Аз ин рӯ, ҳамон кӯҳеро, ки аз болояш ӯро босмачиҳо партофта кушта буданд, кӯҳи “Тамара” ном гузоштанд. То ҳанӯз бо ҳамин ном ёд мешавад.
Маълум аст, ки босмачиҳо амали басо нангину заифона ва тарсуёнаеро анҷом дода, муаллимаи ҷавон – Тамараро бераҳмона, ҷисман нобуд карданд, вале дар назди рӯҳи тавоно ва озоди вай мағлуб гардиданд. Рӯҳи Тамара то ҳанӯз мисли ҳамон кӯҳи азим побарҷост ва хотираи неки вай дар қалбҳои мардуми тоҷик ва хусусан, сокинони Сангвор макон гирифтааст.
Ҳафтаи гузашта зимни ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Сангвор ва мулоқоташон бо сокинони ноҳия яке аз муаллимаҳои пешқадам Людмила Олимова мавзӯи бераҳмона кушта шудани Тамараро дар миён гузошт ва аз Президенти кишвар хоҳиш намуд, ки хотираи ин бонуи накуном абадӣ гардонда шавад. Албатта, ин пешниҳод қобили дастгирӣ мебошад. Мо мутмаин ҳастем, ки Роҳбарияти давлат барои абадӣ гардондани хотираи муаллима – Тамара тадбири заруриро амалӣ менамояд ва рӯҳи ин зани маорифпарвар шод хоҳад гардид.
Самад Раҳмат,
сокини ноҳияи Сангвор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр