Нашрияи Омӯзгор

Агар шуҳрат талаб дорӣ, рафиқи беди маҷнун бош

Сана: 2019-07-05        Дида шуд: 741        Шарҳ: 0

Доктори илмҳои педагогӣ, профессор, Ходими шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ислом Ғуломов зиёда аз 55 соли ҳаёти хешро дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба таълиму тарбияи омӯзгорони  оянда ва олимони ҷавон сарф намудааст.

Мавсуф соли 1939 дар мавзеи хушбоду ҳавои деҳаи Дараи ноҳияи Балҷувон, дар оилаи омӯзгор ба дунё омада, баъди хатми мактаб ба омӯзишгоҳи фарҳангии ҷумҳуриявӣ дохил мешавад ва онро бо баҳои аъло хатм мекунад. Чанд муддат дар мактаби миёнаи нопурраи ба номи А.Лоҳутии ноҳияи Темурмалик ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёт фаъолият намудааст. Соли 1958 ӯ ба факултаи физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ дохил мешавад. Пас аз хатми донишгоҳ мавсуф ҳамчун омӯзгори математика дар мактаб-интернати «Шаҳринав»-и ноҳияи Ҳисор ба кор мепардозад. Муддате баъд ба Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба сифати устоди кафед-раи математика ба кор даъват карда мешавад. Дар мавзӯи «Машғулиятҳои индивидуалӣ-мустақилонаи донишҷӯён ҳамчун омили баланд бардоштани тайёрии касбии онҳо» рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, соҳиби унвони пуршарафи номзади илмҳои педагогӣ мегардад. Бояд қайд менамоем, ки кори тадқиқотии номбурдаро яке аз олимони машҳури собиқ Шӯравӣ, доктори илмҳои педагогӣ, ходими калони илмии Донишкадаи тадқиқотии илмҳои педагогӣ ва психологии умумииттифоқии шаҳри Моск-ва, профессор Л.М.Фридман роҳбарӣ намуда буд.

Баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ  олими ҷавон дар вазифаҳои гуногуни  донишкада фаъолият намуда, худро ҳамчун шахси уҳдабаро, пурмасъулият, бовиҷдон ва донандаи хуби касби омӯзгорӣ нишон додааст. Дар рушду инкишофи неруи илмии муассиса хизматҳои зиёд карда, барои ба корҳои илмӣ тадқиқотӣ машғул шудани кормандони факулта саҳми босазо гузоштааст.

Ӯ солҳои 1997 то 2001 дар вазифаи ноиби ректор оид ба илм фаъолият бинмудааст. Дар ин давра бо ташаббуси бевоситаи И. Ғуломов дар донишгоҳ якчанд конфронси байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз қабили 1100-солагии давлати Сомониён ва 680-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ гузаронида шуд.

Номбурда баъди ҳимояи рисолаи докторӣ дар мавзӯи ‹‹Тарбия ва тайёр намудани муаллимони математика дар мактабҳои олии Тоҷикистон дар шароити имрӯза›› ба унвони баланди доктори илмҳои педагогӣ сарфароз гардид. Ин фарди заҳматпеша аз соли 2013 то ба имрӯз мушовири кафедраи математикаи олии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯадуллоҳи Рӯдакӣ мебошад.  Профессор Ислом ғуломов дар баробари  омӯзгори мушфиқ, тарбиятгари нотакрор буданаш муаллифи даҳҳо асари илмӣ ва садҳо мақолаи илмӣ-методӣ мебошад. Китобҳои «Масъалаҳои мунтахаби ҳисоббарорӣ» (бо ҳаммуаллифии профессорон Қ.У.Осимов ва Л.М.Фридман), «Ҳалли масъалаҳои мантиқӣ»  (Душанбе-1970), «Математикаро чӣ тавр бояд омӯхт?» (Кӯлоб-1974), «Назария ва амалияи ҳисоббарорӣ» (Душанбе: Ирфон, 1975) (бо ҳаммуалифии Қ.У.Осимов ва Л.М.Фридман), «Практикуми ҳалли масъалаҳо аз алгебра» (бо ҳаммуалифии дотсентон Т. Маҳмудов ва Пазина В.П.), «Алгебра ва ибтидои анализ» (Душанбе: ОПЕК, 2005)- китоби дарсӣ барои синфи 10 (бо ҳамкории профессор Р. Акбаров, дотсентон К. Иззатуллоев, Т. Маҳмудов ва муаллими калон Ғ. Ҳалимов(шодравон), «Очерки мухтасари кашфиёти методи муҳокимаронӣ аз n ба n+1» (Душанбе: Маориф, 1989), «Саргузаштҳои математикӣ» (Кӯлоб-1992), «Кашшофони математикаи замони Сомониён» (Кӯлоб-1998), «Таърих ва методологияи математика» (Душанбе: Маориф, 1999), «Тарбия ва тайёр намудани муаллимони математика дар мактабҳои олии омӯзгории Тоҷикистон дар шароити имрӯза» (Қӯрғонтеппа-2009) аз зумраи асарҳои арзишманде мебошанд, ки устод  рӯйи чоп овардааст. Дар тадқиқи баъзе проблемаҳои алгебравӣ низ устод ба дастовардҳои намоён ноил шудааст. Профессор бо принсип ва методи махсус муайянкардааш формулаҳои  суммаи қаторҳои дараҷагии ададҳои натуралиро барои   n= 1,2,3,…,16  маълум  намудааст.

Хизматҳои шоистаи устод бо унвону ифтихорнома ва мукофоту ҷоизаҳо, аз ҷумла, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва «Олими соли вилояти Хатлон - 2012»  қадрдонӣ шудаанд.

Ислом Ғуломов аз он меболад, ки сазовори номи пуршарафи омӯзгор гардидааст. Ӯ дар касби омӯзгорӣ шаъну шараферо дарёфтааст, ки назираш дар дигар ҷода дида намешавад. Дар байни мардум соҳиби обрӯву эътибор буда, ҳамчун як шахси хоксору фурӯтан, заминиву самимӣ маҳбуби дили дӯстону шогирдон, ҳамкасбон ва аҳли байт гардидааст. Хислату рафторҳои Ислом Ғуломовро бо ин шоҳбайт метавон тасвир кард:

Агар шуҳрат талаб дорӣ,

рафиқи беди маҷнун бош,

Ки ӯ ҳарчанд боло меравад, сар

бар замин дорад.

Устод роҳнамои беминнати шогирдон буда, ба онҳо дар фаъолияти касбиашон маслиҳатҳои арзишманд медиҳад. Ногуфта намонад, ки чор нафар аз фарзандонаш низ касби пуршарафи омӯзгориро пеша намуда, давомдиҳандагони кори падари бузургворашон гардидаанд.

Мо, дӯстону ҳамкорон ва шогирдони Ислом Ғуломов устодро бо 80-солагияш табрик намуда, дуо мекунем, ки ҳамеша роҳнамову маслиҳатгарамон бошад.

 

А. Ҳабибулло,

ректори ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи  Рӯдакӣ, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор,

К. ИЗзатуллоев

ёвари ректор, дотсент,

А. Пирназаров,

дотсент,

Ш. Шарифов,

муаллими калони донишгоҳ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш